Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:35

Дар Қирғизистон мехоҳанд, русӣ дувумин забони давлатӣ шавад

13 сентябр 2017, 16:56

Вакили порлумони Қирғизистон Ирина Карамушкина 12 сентябр дар як ҷаласаи порлумонӣ пешниҳод кард, ки забони русӣ дар ин кишвар забони дувуми давлатӣ эътироф карда шавад.

"Бар пояи Конститутсия мо кишвари дунявии демократӣ ҳастем ва то ҷое медонам, дар ин гуна кишварҳо ду-се забони давлатӣ ҳаст. Ҳатто баъзеи онҳо то 5 забонро доранд ва касе ҳам зид нест. Хоҳиш мекунам, бигӯед, ки мо агар ду забони давлатӣ -- қирғизӣ ва русӣ дошта бошем, чӣ бадӣ дорад?", - гуфт ӯ дар хитоб ба муовини сарвазири Қирғизистон Чолпон Султонбеков.

Ирина Карамушкина дар идома суханони Чингиз Айтматовро иқтибос овард, ки Қирғизистонро ба парандае монанд карда, мегӯяд, "дар сурати парвоз бо ду пари баробар метавонад пешрафт кунад ва ин парҳо -- забони қирғизӣ ва русӣ ҳастанд".

Султонбеков дар ҷавоб пешниҳоди Карамушкинаро чизе бештар аз як масъалаи сиёсӣ номида, гуфт, дар навоҳӣ ва вилоятҳои Қирғизистон мушкили забони қирғизӣ дида намешавад, баръакс мушкили забони русӣ мавҷуд аст.

"Мо ки давлати қирғизӣ дорем, шояд барои ҳамин ба забони қирғизӣ бартарӣ дода шудааст. Беҳтар буд, агар мансабдорон ҳам бо забони қирғизӣ ҳарф мезаданд ва шояд то ҷое мушкил ҳам ҳалли худро меёфт", - изҳор дошт муовини сарвазири Қирғизистон.

Ёдрас мешавем, бар пояи тағйиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсияи Қирғизистон русӣ соли 2001 дар ин кишвар забони расмӣ эълон шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!