Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:55

Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?

15 сентябр 2017, 09:36

Ба дунболи таъини Артем Новикови 30-сола ба мақоми вазири иқтисоди Қирғизистон ва Хоуп Хикси 28-сола ба маснади раҳбари мухобироти маъмурияти раисҷумҳури Амрико сомонаи “CA-News” феҳристи ҷавонтарин мансабдорони Осиёи марказӣ ва ҷаҳонро тартиб додааст.


РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон замоне ки 19 сол дошт, сармутахассиси Шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тиҷорати вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи апрели соли 2009 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва моҳи июни соли 2009 сардори ин раёсат шуд. Баъдан ба ҳайси сардори Хадамоти гумрук, раиси Оҷонсии давлатии мубориза бо коррупсия кор карда, соли гузашта шаҳрдори Душанбе таъйин шуд.

АРТЕМ НОВИКОВ
Новикови 30-сола 26 август бо фармони президенти Қирғизистон ба вазифаи вазири иқтисод таъйин шуд. Ӯ дар гузашта мудири шӯъбаи таҳлил ва мониторинги молиявӣ-иқтисодӣ Дастгоҳи президент буд.
Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?


НУРАЛӢ АЛИЕВ
Набераи президенти Қазоқистон аз 19 декабри 2014 то 16 марти 2016, вақте 29-сола буд дар курсии муовини аввали ҳокими шаҳри Остона менишаст. Ҳоло вазифаи президенти Федератсияи Алпинизми Қазоқистонро дар ихтиёр дорад.
Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?


ГУЛНОРА КАРИМОВА
Духтари калонии президенти пешини Узбакистон дар 23-солагӣ (июни соли 1995) мушовири вазири корҳои хориҷии Узбакистон буд. Ӯ баъдан дар намояндагии Узбакистон дар СММ, сафорати Тошканд дар Маскав, муовини вазири корҳои хориҷӣва сафир дар Испания таъйин шуд. Моҳи июли 2017 Додситони кулли Узбакистон хабар дод, Гулнора Каримова бо ҳукми додгоҳи Тошканд бо ҷурми азхудкунии маблағ 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?


ҲАЙДАР АКАЕВ
Писари калонии президенти аввалини Қирғизистон моҳи феврали соли 2001, вақте 25 сол дошт, мушовири вазири молияи ин кишвар таъин шуд. Соли 2005 ба парлумон роҳ ёфт, аммо баъди инқилоб дар Қирғизистон натиҷаи интихоботи парлумонӣ дар қитъае, ки ӯ номзад буд, бекор карда шуд.
Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?


ВИКТОР ЛУКАШЕНКО
Писари президенти Белорус Александра Лукашенко моҳи марти соли 2001 (дар 25-cолагӣ) дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчун котиби сеюм ва мушовири шӯъбаи Аврупои Ғарбӣ ба кор сар кард. Соли 2005 ёрдамчии президента дар умури амнияти миллӣ ва аз 5 январи соли 2007 узви Шӯрои амнияти Белорус аст.
Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?


ХОУП ХИКС
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико модел ва PR-менеҷери муваффақ Хоуп Хикси 28-соларораҳбари мухобироти маъмурияти президент таъйин кард. Хикс бо духтари Трамп Иванка ҳамкорӣ дорад.
Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?


СЕБАСТЯН КУРТС
Ӯ соли 2013, замоне ки 27 сол дошт, вазири умури хориҷии Австрия таъйин гардид ва ҷавонтарин вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаҳон шуд.
Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!