Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:23

Норозигии Хайрзодаю Беназирзода аз ҳукми Додгоҳи Олӣ

15 сентябр 2017, 11:39

Давлатбек Хайрзода ва Фариддун Беназирзода, собиқ мақомдорони воломақоми Оҷонсии зидди фасод аз ҳукми Додгоҳи Олӣ, ки онҳоро барои 10,5 солӣ равонаи зиндон кард, норозиянд.

Тавре аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Хайрзода, Беназирзода ва Нозимзода.А дар шикояти кассатсионияшон ҳукми додгоҳи олиро сангин хонда, хостори баррасии мунсифонаи парвандаашон шудаанд.

Дар назар аст, ки 19 сентябр коллегияи Додгоҳи олии кишвар шикояти кассатсионии маҳкумшудаҳои норозиро баррасӣ намояд.

Додгоҳи олӣ, моҳи июл Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фариддун Беназирзода, собиқ муовини раиси идораи гумруки Хуҷандро бар асоси моддаи 319, қисми 4, яъне гирифтани пора ба миқдори калон барои 10,5 солӣ равонаи зиндон намуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дехкон

  • 15 сентябр 2017 12:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои чи норозиянд? Мардумро горат карданду ба ришвагириву фасодкори даст заданд, боз норозиханд. Ин ришвагиронро бояд ба хукми абад зиндон намоянд,ки ба дигарон ибрат шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бо чи норозии амакиии??!! чор кудаке да пеши хонаи мо чанг кардан 8 солишон додан шумо чаррасти бизнесменора бароварде бо чи ноит мекне????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!