Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 октябр 2017, 11:51

Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шуд?

16 сентябр 2017, 09:16

Асрҳост донишмандону муҳақиқон ба зиндагонии Фиръавн(ҳо) таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, саргузашти онҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд. Дар асри 21 бо дастрасии технологияҳои муосир ва фанновариҳои ҷадид инсоният ҳанӯз ҳам дар гӯшаву конори олам ба зиндагӣ ва саргузашти Фиръавн мароқ зоҳир карда, мехоҳад бидонанд, ки Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шудааст? Чӣ тавр як инсон ба ин ҳадди туғён ва зулму ситам расид?

Илми ҷамеашиносӣ ва ё арзёбиҳои таърихӣ барои муносибатҳои инсонӣ дар кураи замин ба ин масъала дахли бештар кардааст. Зеро ҳеч асру замоне аз фиръавнсифатон холӣ набудааст. Садҳо китобу рисолаҳо, корҳои таҳқиқиву таҳлилӣ дар масъалаи Фиръавн вуҷуд дорад, аммо ҳеч кадоми онҳо мисли Қуръон бисёр дақиқу ҷаззоб ва возеҳу ибратбахш ҳоли Фиръавнро баён накардаанд.

Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шудааст? Ба ин суол Қуръон бисёр дақиқ ва кутоҳ посух гуфтааст. Ва ин посухи Қуръон як дарси бузург ва ҳушдори қатӣ барои инсонҳоест, ки пандпазир ҳастанд!

“Фиръавн қавми худро сабукақл кард, то онҳо фармони ӯро қабул карданд...”(“Зухруф”, ояти 54).

Барои идомаи худкомагӣ қавмӣ худро пасту беарзиш ҳисоб кард ва онҳоро ҳамеша дар сатҳи поёни фарҳангӣ ва рушди фикрӣ нигоҳ медошт. Мардум ба он ҳад қобилияти таҳлил ва шинохти воқеъиятро аз даст дода буданд, ки дигар Фиръавн ҳар коре анҷом медод, мепазируфтанд ва аз он итоат мекарданд. Фиръавн аз хурдану пӯшидан то рафтору гуфтори мардумро таъин мекард ва ба онҳо нишон медод, ки чӣ тавр зиндагӣ кунанд...

Гуруҳе аз мардумро, ки ба корҳои ӯ эрод мегирифтанд ба зиндон меандохт. Фарзандони қавми худро мекушт ва модарони онҳоро ба ғуломӣ мегирифт. Ҳар рӯз бар зулми Фиръавн боз зулм зам мешуд. Ҳамеша қарору фармонҳояш бар он равона шуда буд, ки чӣ гуна қавми худро пасту беарзиш карда, онҳоро аз тамоми муқаддасоташон дур намояд. Дари муколама ва ҳар маҳфилеро, ки дар он рушди фикрию ақлонӣ вуҷуд дошт, ба рӯи қавмаш баста буд...

Фираъавн дар ҳеч заминае дигар бо мардумаш машварат намекард ва ҳарфи мардум барояш арзише надошт. Муаррихон комилан бар ин назар иттифоқ кардаанд, ки Фиръавн бо райъи мардум ҳокимиятро ба даст наоварда буд, аз ин хотир хостаҳои қавмаш барояш эътиборе надошт. Кор то ҷойе расида буд, ки дарбориёни худи Фиръавн шефтаи зулму ситами ӯ ба мардум шуда буданд ва онро дар ин роҳи пешгирифтааш ҳақ мешумориданд. Нишонаҳои қудрат ва заъфи мардум дигар чашми ҳар нафарро дар Миср кӯр карда буд. Мансабдорони калидӣ дар дарбори Фиръавн бо фасод машғул буданд ва дигар қобилияти шинохт ва дарки аҳволи мардумро аз даст дода буданд. Дар назари онҳо мардум як ғуломакҳои беарзиш ва худашон зоти олӣ ҳисоб мешуданд.

Қавме ки дар домани истибдод ба вуҷуд меояд ва бо зулму фишор аз тарафи ҳукамо рӯ ба рӯ мешвад ахлоқи нек ва писандидаи худро аз даст медиҳад ва ба риёву тазвир, чоплусиву хушомадгуӣ, чандчеҳрагиву тамалуқ гирифтор мешавад ва ба ахлоқҳои пасти ҳайвонӣ гароиш пайдо мекунад. Инсонҳои ҳақиқатгӯю росткор гушанишиниро ихтиёр мекунанд ва ба тадриҷ аз байн бардошта мешаванд. Идораи умури давлат ба чанд чеҳраи фасодзада ва бе виҷдон вогузор мешавад. Ихтилофи табақҳои гуногун ба вуҷуд меояд ва мардум заифтар мешавад.

Хуллас, шахсияти Фиръавн ва ба ин ҳад туғён кардани ӯро дар баробари ҳақиқату адолату озодӣ Қуръон ҳамин тариқ баён мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки он қавми худро бисёр заифу нотавон ва пасту беарзиш ҳисоб мекард ва болои онҳо ҳар амали зишту палидашро анҷом медод. Ба ҷуз Мӯсо (а) ва атрофиёни ӯ дигар ҳеч гуруҳе дар баробари ин вазъ ва зулму ситами ӯ чизе намегуфтанд. Охири кори Фиръавн шикаст буд он ҳам ба дасти Мӯсое, ки на нерӯ дошт ва на қудрате мисли Фиръавн. Муҳимтарин силоҳи Мусо имон, адолат ҳақиқат ва шинохти Худои воҳид буд, ки дар баробраш ҳар қудрате шикаст хӯрдааст.

Таҳияи Далер Шарипов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Муслим

  • 16 сентябр 2017 09:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҳсант ё марди фозил Далер Шариф!-Касе,ки имон ба рузи Қиёмат дорад ва ислоҳи худ ва ҷомеаро мехоҳад аз ин қиссаи овардаат ИБРАТ мегирад!
Посух додан
  • Дуст

  • 16 сентябр 2017 10:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамааш фаҳмо!
Посух додан
  • Тиран

  • 16 сентябр 2017 12:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дод аз дасти фириавнҳо!
Посух додан
  • точик

  • 16 сентябр 2017 13:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МОШОАЛЛОХ
Посух додан
  • Дониш

  • 16 сентябр 2017 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хондам бисйор чолиб. Офарин ба муаллифи хакбин.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ماشا۶اللّه хуш ба ҳолат бародари азиз
Посух додан
  • Сомонӣ

  • 17 сентябр 2017 01:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гапҳои сафсата ва комилан беасос. Дар давраи Фиръавнҳо дар Миср тамаддуни бузурги чаҳони офарида шуд. Яҳудиён ва Мусо дастнигари фиръавнҳо буданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккури бенихоят зиёд
Ачоиб матолиб
Посух додан
  • Гариби мухочир

  • 17 сентябр 2017 17:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Аллоҳ аҷрат бидиҳад.
Посух додан
  • Шопури Сосонӣ

  • 18 сентябр 2017 00:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гапхҳои беасос ва дур аз ҳақиқати таърихӣ.
Посух додан
  • Точик

  • 18 сентябр 2017 08:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тонкий намёк, однако:))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
пеш аз якчира навиштан саводи кофи ва акли расо доштан даркор!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба номи худованди меҳрубон
Саломун алейкум кормандони азизи сомонаи Озодагон
Сомонӣ,
Бародар Сомони ту ҳануз намефаҳмед, ки тамаддун яъне чӣ?
Тамаддун дар истилоҳ ба ин маъност:Маҷмуаи аз дастовардҳо ва андухтаҳои модӣ ва маънавии инсоният аст, ки ҳосили талоши мустақим ва ғайри мустақим (дар асари таълими анбиё(алайҳимуссалом) инсонҳост, ки ба рӯи фарҳанг сохта мешавад, яъне аз замоне, ки башарияти рӯ ба такомул ва пешрафт овард ҳам ба ниёзҳои модӣ ва ҳам ба низёҳои маънавӣ тавҷҷуҳ кард ва талош кард ҳар ду ниёзро бартараф созад.
Пас маълум мегардад ки тамаддун дорои ду буъд аст буъди моддӣ ва маънавӣ. Вале бояд донист ки фиръавниён танҳо ба буъди модди таммадун тавҷҷуҳ кардан ва буъди маънавии онро раҳо кардан илова бар ин ба буъди маънави мухолифат варзиданд бинбар ин нобуд гардиданд. Дар замони маъосир ҳам ки ғарб худро ҷомеаи мутамаддин мешуморад инро аз дидгоҳи қуръон ҷомеаи мутамаддин гуфта намешавад чаро ки буъди маънавии тамадун ки ҳамин қабул кардани дин ва итоат кардан аз фаромин ва навиҳи илоҳи аст ҷомеаи ғарби аз ин дур аст оқибат ру инқироз хоҳанд овард. Ҳар ҷомеаи мухолифат ба дин мекунад ва итат дастуроти паёмбарон намекунад оқибат нобуд хоҳад шуд.
Мувафақ бошед

Муслим,
Посух додан
  • Умар

  • 18 сентябр 2017 09:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин маколаи бемаъне барои навишташудааст нафахмидам.
Посух додан
  • Бародар

  • 18 сентябр 2017 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд ин додари моро дар паноҳаш нигаҳбон бошад!

Аслан навиштаи муаллиф ҷиҳати тарбиявӣ дорад. Он асари илмӣ ё татқиқоти таърихи нест. Аз ин лиҳоз хурдагирии хонандагон мантиқи нест.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!