Бахшҳо

Фирӯз Холмуродзода ба 15 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода, собиқ масъули Оҷонсии зидди фасодро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре манобеи “Озодагон” аз Додгоҳи олӣ иттилоъ доданд, ҳукми Холмуродзода имрӯз, 19 сентябр эълон гардида, бар асоси он амволи маҳкумшуда мусодира мегардад: “Инчунин Холмуродзода баъди адои ҷазо 5 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо маҳрум гардид”.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Фирӯз Холмуродзода, корманди пешини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 17 соли маҳрумият аз озодӣ талаб карда буд.

Дар баробари Холмуродзода, додраси парванда Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов)ро 13 сол, Амиршо Султонзодаро 10 сол, Қосим Давлатовро 7, Сафаралӣ Ҳомидзода ва Афзаловро барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуғаффорзода 15, барои Ҳодидзодаву Афзалов 7, барои Султонзода 9 ва барои Давлатов 7 соли зиндон талаб карда буд.

Баррасии парвандаи ин афрод пушти дарҳои баста баргузор шуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ онҳо дар “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар муҷрим шинохта шудаанд.

Боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон охирҳои моҳи апрели соли равон оғоз шуд. Ба иттилои мақомот дар маҷмӯъ 10 корманди оҷонсӣ дастгир шуда буд. Авохири моҳи июл хабари эълони ҳукми Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд расонаӣ шуд. Ба иттилои расида ҳардуи онҳо ба даҳуним солии зиндон маҳкум шудаанд.


Дар акс: Фирӯз Холмуродзода аз чап дуввум
Мӯҳр
Ин чи тавр дар зиндон ба чашмони шахсоне, ки худаш онҳоро бегуноҳ шинонд нигоҳ мекунад?????? Чоҳкан зери чоҳ!!!!

Бародар иера камераи алохида мебаран.

Аз кормандони макомоти суди хохиш ки хамин шахсро яьне Холмуродзодаро мувофики васияташ дар зиндон бо хамрохии Зайд Саидов дар як камера чой кунед

админ матни Султон, кани?

555
Хамуное ки хешу табору хусуру хуштоманошон дар вазифахои мансаби давлаор кор мекунанд аз кор пеш карда шуда дар ягщн мактаби дурдаст хамчун омузгор фиристонида шавад!

Рохрав
Обоооо ин бачако токати зиндон дошта бошан

Дарвеш
Ин ришвагирон ва фасодкорон бояд ба хукми абад махкум мешуданд, ки ба дигар мансабдорон ибрат мешуд.

беном
Бар замми ришвахуру фасодкор будан хаёти чандин нафаронро зеру забар карданд. Дар ин мобайн чанд умри инсонй,орзуву омол истеъдоду махорат аз байн рафт.Худ беинсоф хастанд,боз намегузоранд,ки фардони ватандусту босавод барои ин миллат хизмат кунанд.Аз ин сахттар чазо додан даркор буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)