Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:34

Имомони ӯзбек мардумро ба пахтачинӣ даъват мекунанд

19 сентябр 2017, 17:18

Дар як ҷаласа рӯзи 16 сентябр раиси вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба имомони масҷидҳо дастур дод, ки аз ҳисоби намозгузорони масҷид ва сокинони маҳалла гуруҳҳои пахтачин ташкил карда, ба саҳрои пахта бароранд.

Яке аз имомони ноҳияи Избаскани вилояти Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар ҷаласаи раиси вилоят ҳамаи руҳониён ва роҳбарони маҳаллаҳо ширкат карданд.

"Мавзуи асосии ҷаласа ҷалби сокинон ба саҳрои пахта буд. Ба мо дастур шуд, ки гуруҳҳои иборат аз 10-15 нафарии пахтачин ташкил кунем", - гуфт имом.

Вай ҳамчунин афзуд, ҳамасола баробари шуруи мавсими пахтачинӣ дар Ӯзбекистон мақомоти маҳаллӣ ба имомон дастур медиҳанд, ки гуруҳҳои пахтачин ташкил кунанд. "Соли гузашта аз сабаби сугвории марги президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, касе ба мо кордор нашуд. Аммо солҳои пешин мо одамони зиёдеро ба пахтачинӣ мебаровардем", - афзуд имом.

Ҷалби одамон ба саҳрои пахта тавассути имомон дар ноҳияҳои дигари Ӯзбекистон низ мушоҳида мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!