Бахшҳо
20 сен 2017 11:15Ҳуқуқи инсон

Хонаводаи аъзоёни “Давлати исломӣ” дар “рӯихати сиёҳ”-и мақомот

Нафароне ки як ё якчанд аъзои хонавода ё азизону наздиконашон ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанду солҳо садои онҳоро нашунидаанд, мунтазири онанд хабаре аз онҳо бишнаванд ва дилашон ором бигирад.

Ин хонаводаҳо, ки дар ҷомеа ангуштнамо шуда, зуд- зуд ба мақомоти амниятӣ барои бозпурсӣ даъват мешудаанд, мегӯяд, бо гузашти солҳо ки наздиконашон ба ДИИШ пайвастаанду аз онҳо чизе намедонанд, оромиши худро гум кардаанд ва ҳамеша чашм ба роҳ ҳастанд, ки нафаре аз онҳо хабар медиҳад.

Мунтазирии ин хонаводаҳо дар ҷануби Тоҷикистон дар ҳолест ки чанд моҳи охир расонаҳои хориҷӣ аз пароканда шудани ДИИШ хабар медиҳанд.

Азимҷон Алимардонов, як марди 59-солаи сокини деҳаи Навбаҳор, дар ҷамоати деҳоти "20 солагии истиқлол"-и ноҳияи Қубодиён чанд соли пеш раиси маҳалла ва ҳам омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ буд, вале чун хабари ба ДИИШ пайвастани ду писар, келин ва духтару домодашро мақомот ба ӯ расонданд, аз идомаи кор даст кашид.



Хонаводаи аъзоёни “Давлати исломӣ” дар “рӯихати сиёҳ”-и мақомотАзимҷон Алимардонов мегӯяд, як омӯзгори таҷрибадор буд, ки рафтори фарзандону наздиконаш ӯро дар деҳа ангушнамо кард ва ба ҳамин хотир аз кор даст кашид, аммо ҳанӯз дар фикри он аст ки чаро фарзандонаш ба ин кор даст задаанд: “Дар Русия буданд, соли 2014 ба Сурия рафтаанд. Аз Сурия ба ман занг назданд, вале вазорати корҳои дохила ва амният ба ман гуфтанд, ки онҳо дар Сурия ҳастанд. Фикр мекунам, ки ба хотири камбизоатӣ рафтанд, писаронам барои пулкоркунӣ ба муҳоҷират рафта буданд, боз фикр мекунам, ки аз Ислом огоҳ набуданд, онҳоро шикор карда бурдаанд".

Алимардонов мегӯяд, аз соли 2010 фарзандонаш ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Маскав мерафтанд, ки аз онҷо охири соли 2014 ба доми таблиғгарони ДИИШ афтида ва ба Сурия рафтаанд.

Маҳмадсафар Сабуров, мудири бахши танзими анъана ва расму оинҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба IWPR гуфт, аз ду деҳаи ҷамоати "20 солагии истиқлол" Навбаҳор ва Қизилнишон аз соли 2014 то соли 2017 46 нафар дар Сурия қарор доштаанд.



Шариф Шербеков, марди ӯзбактаборе аз деҳаи Қизилнишон ноҳияи Қубодиён мегӯяд, дигар ёди 3 фарзанд ва келинаш, ки ба ДИИШ пайвасаанд, намекунад, балки ӯро ояндаи чаҳор набераи ноболиғаш, ки ба гуфти мақомот дар Сурия будаанд, ба ташвиш овардааст.

Фарзандони Шариф Шербеков охири соли 2014 аз шаҳри Маскави Русия ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафтаанд ва аз онҳо хабаре нест: "Писарон ва келинам зиндаанд ё мурдаанд намедонам, вале ман ба хотири ояндаи набераҳоям зиқам, ки чӣ кор мекунанд ва дар куҷо ҳастанд. Ҳар рӯз мебинам, ки дар Сурия таркиш мешавад, вале ман фикри набераҳоямро мекунам. Ба хонаи хоби онҳо даромада либос, ҷойи хоб ва попӯшҳои набераҳоямро тамошо мекунам."

Вақте аз хонаводаи Шариф Шербеков дидан кардем, ба утоқе ворид шуд, ки мегӯяд, онҷо чаҳор набераи ноболиғаш калон шуда, ҳоло либос, бозичаҳо ва ҷойи хоби онҳо мавҷуд аст.

Бештари афроде ки наздиконашон ба ДИИШ пайвастаанд, мегӯянд, аз мурда ва ё зинда будани онҳо хабар надоранд. Ба гуфтаи онҳо ҳарчанд дар феҳристи хонаводаҳои осебпазир қарор дорад, вале дар ҷомеа ва деҳа ангуштнамои мардум шудаанд. Зуд-зуд дар мақомоти амният ва пулис бозпурсӣ мешаванд, вале ба суолҳои зиёди сокинон дар тӯю маъракаҳо посух намеёбанд.

"Филм тамошо накунед, гуноҳ аст! Риш монеду намоз хонед!"

Ашӯрмоҳ Сайдалиева, як сокини ноҳияи Бохтар, ки бародараш Маҳмадшариф Саидалиеви 32-сола аз соли 2004 ба муҳоҷират мерафт, мегӯяд, маротибаи охир бо риши дароз, вале бо либоси расмӣ ба хона омад, ки онҳо тааҷуб карданд: "Бародарам охирон бор хона омад, пеш аз сафараш ба Сурия риши дароз дошт, шиму кастум пӯшида буд, ҳайрон шудем, ки чаро инхел либос пӯшидааст. Ба мо мегуфт ки мусиқӣ нашунавед ва филм набинед, ки гуноҳ аст. Намедонистам, ки барои чӣ инхел мегуфт."

Сайдалиева мегӯяд, бародараш соли 2014 дар Маскав қарор дошт, ки ҳамсарашро бо се кӯдак ба наздаш фиристоданд ва охири ҳамон сол онҳоро ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия бурдааст. Ҳоло аз онҳо хабаре нест.



Як марди дигар мегӯяд, фарзандонаш, ки ба ДИИШ пайваста бенишон шудаанд, борҳо ба ӯ мегуфтаанд, ки риш монаду намоз хонад, вале ба гуфти фарзандонаш намекардааст, ки билохира аз падарашон ранҷидаанд. Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, маҷбур кардани нафаре барои намоз хондан аз нишонаҳои ифротгароӣ мебошад. Саидҷаъфар Сафарзода, коршинос дар вилояти Хатлон гуфт, дар ҷавонони ифротӣ нишонаҳое зуҳур меёбад, ки падару модар бояд онро дарк карда, пешгирӣ намоянд: "Бояд пеш аз ҳама ба рафтори фарзанд таваҷҷуҳ кард, масалан намоз хондан бадӣ надорад, вале нафари дигарро барои намоз нахондан сарзаниш кардан, бад аст. Нафаре мусиқӣ намешунавад, вале ба дигарон мегӯяд, ки мусиқӣ нашунавед, ки ҳаром аст ё гуноҳи бад аст, ин нишонаи ифротгароӣ мебошад. Дар баъзе мавъизаҳое, ки дастрас мебошад, рӯҳониён мегӯяд ки вақте шумо мемуред падару модар шуморо аз даҳшати қабр озод карда наметавонад, ин ҳам як ҳуҷуми равонӣ ё психологӣ мебошад, ки бештар ба ҷавонҳо таъсир мегузорад."

Хонаводаи аъзоёни “Давлати исломӣ” дар “рӯихати сиёҳ”-и мақомотТаҳлилгарон мегӯянд, аксар сокинони вилояти Хатлон, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи террористӣ пайвастаанд, ҷавонон будаанд. Ҳукумати шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мегӯянд, дар натиҷаи корҳои огоҳсозӣ ва мубориза ба терроризм гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ирофтгаро, хусусан пайвастан ба "Давлати исломӣ" коҳиш ёфтааст, вале тақдири норушан ё маълум набудани маҳалли зист ё зиндаю мурда будани садҳо сокини вилояти Хатлон мақомот ва ҳам наздикони онҳоро ба ташвиш овардааст.

Бар пояи иттилои ахире, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баромади президент Эмомалӣ Раҳмон садо дод, 500 сокин аз ҷануби Тоҷикистон бо шумули занону кӯдакон дар чанд соли ахир ба ДИИШ пайвастаанд.

Ясриби КАРИМ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)