Бахшҳо

Э.Раҳмон, хост алайҳи террор меъёрҳои дугона истифода нашаванд

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нуктаҳои асосии суханронии Эмомалӣ Раҳмонро, ки ӯ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён доштааст, нашр намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд изҳори нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд: “Амалҳои ваҳшиёнаи ин неруҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд ва мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд”.

Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳо дар гӯшаҳои доғи ҷаҳон баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳомези рафъи буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, бо истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ вобастагӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистони ҳамҷавор изҳори нигаронии ҷиддӣ карда иброз намуданд, ки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя аст.

Бинобар ин, Сарвари давлат ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ намуда омили муҳим дар ин ҷода, аз ҷумла, ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо он номида шуд.

Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки қабули Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 иқдоми наҷибонаи ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири рушди устувори кишварҳои аъзо ва фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо ин раванд маҳсуб меёбад. Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, аз ҷумла дафтари Барномаи рушди он дар Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушдро то соли 2020 таҳия ва қабул намуд.
Вобаста ба ин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар раванди татбиқи шоистаи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд – 2030 мусоидат ба кишварҳои зарфияту имкониятҳояшон маҳдуд, хусусан дар бахши маблағгузорӣ ва таҳвили фановариҳои муосир, хеле зарур мебошад. Дар ин маврид ниҳоду сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии он, метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки расо ду сол пеш мо Созишномаи Париж оид ба иқлимро қабул намудем, ки ҳадафу мақсадҳояш фарогир буда, роҳҳои асосии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисодиёти камкарбон муайян месозад. Мутаассифона, бино бар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва на ҳамаи онҳо қодиранд чораҳои заруриро ҷиҳати ҳифз аз онҳо андешанд.

Бинобар ин Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки механизмҳои кумакҳои ҳамаҷониба ба кишварҳои осебдида пурзӯр карда шуда, ба ин мақсад бунёдҳои байналмилаливу минтақавӣ таъсис дода шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуданд, ки раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва, ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад. Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Яъне идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бояд аз гуфтугӯ ба амал гузарем ва дар пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳм гузорем.
Ба андешаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ин тавсеаи иқтисоди “сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” ва Даҳсолаи байналмилалии “Энергияи устувор барои давраи то соли 2024” таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ширкати фаъолонаи худро дар иҷрои Рӯзномаи Созмони Милал марбут ба об идома хоҳад дод ва изҳори хушнудӣ карданд, ки моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қатъномаро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қабул намуд.

Сарвари давлат изҳори умедворӣ намуданд, ки татбиқи амалҳои Даҳсолаи нав дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷиҳати анҷом додани баррасиву муҳокимаи пешниҳодот ва тасдиқи нақшаи амали Даҳсола ният дорем, ки 22-юми марти соли 2018 – дар Рӯзи ҷаҳонии об – дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши ифтитоҳии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” ва моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)