Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:25

Созиш барои омадурафти бемонеаи хаткашонҳои махсуси Русия ба Тоҷикистон

20 сентябр 2017, 15:36

Ҳукумати Русия лоиҳаи созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбиро тасдиқ карда, барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод намудааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ, созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта, моҳи феврали соли равон аз ҷониби раисиҷумҳурони ду кишвар дар Душанбе имзо шуда, моҳи равон ҳукумати Русия онро тасдиқ кард: “Азбаски ин созишнома муқаррароти фарқкунанда аз қонунгузории феълии Русияро дорад, бояд аз сӯи Думаи давлатӣ тасвиб шавад”.

Мақомоти рус мегӯянд, созишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати дифоъ ва умури хориҷии Русия таҳия шуда, ба ҳифзи амнияти мукотиботи махфӣ ва муҳими низомиёни рус дар Тоҷикистон нигаронда шудааст. Бар асоси ин санад фелдегер ё хаткашонҳои низомии ду кишвар метавонанд марзро бемонеа убур кунанд, ҳуқуқи дахлнопазирии онҳо пешбинӣ шудааст: “Фелдегерҳо ҳақ доранд, барои расондани саривақтӣ ва бехатари мактубу паёмҳо аз нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ истифода баранд”.

Таҳияи ин созишнома дар ҳолест, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомии хушкигарди ин кишвар дар хориҷ аз он буда, беш аз 7 ҳазор низомиро фаро мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!