Бахшҳо

(ВИДЕО) Як бознишастаи Тоҷикистон: Бӯи гӯштро фаромӯш кардаем

Як бознишастаи тоторитабори муқими Тоҷикистон мегӯяд, нафақааш ҳамагӣ барои як ҳафта мерасад.

Ба гуфтаи Тазкира Арслановаи 79-солаи тоторитабор, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, агар нафақаашро ба сӣ рӯз тақсим кунад, рӯзе 10 сомонӣ рост меояд. Ва баъди пардохти пули хизматрасонии обу барқу партов барои зиндагӣ қариб чизе боқӣ намемонад.

Хонум Арсланова дар як суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар Тоҷикистон ба дунё омада ва 24 сол таҳсил намуда, 41 сол дар чанд вазорату идораҳои давлатӣ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, хоҳиши ягонааш ин аст, ки ҳаҷми нафақа каме бештар шавад, то зиндагиашро беҳтар кунад: “Хурсандем, ки Тоҷикистон обод аст ва тинҷиву оромӣ ҳукмфармост. Танҳо имкон бошад, нафақаро зиёдтар кунанд. Одамони калонсолро камтар фаромӯш кардаанд. Мо ҳам дар ҳамин Ватан таваллуд шудаем ва ҳаминҷо ба хидмати мардум будем. Дар пирӣ ҳама мехоҳад, ки мева бихарад, аммо мо имкон надорем. Бӯи гӯштро бошад, ҳатто фаромӯш кардаем”.

Ба гуфтаи Тазкира Арсланова волидони ӯ дар Тотористон ба дунё омада, замони шуравӣ ба шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти Тоҷикистон кӯчидаанд: “Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар як омӯзишгоҳ дар Хуҷанд идома додам ва баъдан дар Русия хондам. Он замон хело вазнин буд, зеро падарамро аз даст дода будем. Баъди таҳсил дубора ба Тоҷикистон баргаштам ва дар вазорату идораҳо кор кардам. Соли 1991 ҳама русзабонҳо кӯчида рафтанд, аммо ман нарафтам. Гуфтам ба ягон ҷой намеравам, ин ҷо Ватани ман ҳаст”.



Вай мегӯяд, охири солҳои ба нафақа баромаданаш (1991-1992) дар Академияи илмҳо ба ҳайси иқтисодчӣ кор мекард ва маоши хуб ҳам мегирифт: “Баъди ба нафақа баромадан 15 сол дар ягон идора кор накардам. Компоту салат карда, дар бозори “Саховат” мефурӯхтаму рӯзамонро мегузаронидем. Соли 2009 шартномавӣ дар Донишгоҳи тиҷорат дарс гирифтам, он ҷо 8 сол кор кардам. То соли 2007 нафақаам 67 сомонӣ буд, ахиран 323 сомонӣ шуд”.

Ӯ мегӯяд, ҳоло бо духтараш ки дар гузашта корманди ВКД буда, баъди ҷароҳат бардоштан дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ нафақагир шуд, зиндагӣ дорад: “Духтарам ду маълумот дорад. Ҳоло нафақааш дар як рӯз 8 сомониро ташкил медиҳад”.

Тазкира Арсланова афзуд, ҳоло барои пешбурди рӯзгораш гулпарварӣ мекунад ва онҳоро дар бозор мефурӯшад.
Мӯҳр
Мавлюда
Дар хакикат барои нафакахурхо чудо хам кин шуд, ман хам ки нафакахур хастам мачбур то холо кор кунам чунки нафакаам ба пули свету об комунали базур мерасад . Нафакахурхо ягон имтиез надоранд. Ман аз соли 1969 то холо кор мекунам . Тазкира ман Шуморо нагз мефахмам.

хуб мешуд адрессшам менавистен...хастан одамои саховатманду савобчу шояд касе кумак кунад .

д
Саги куча дар Точикистон аз инсон дида кадраш зиедтар аст.

Сухроб
нафакаи ман якрузба 5 сомон аст харду пойям нест дастам часпида сутунмухрам каме баромада бо нуксони модарзоди лекин давлат барои ман дар якмох 150 сомон мукарар кардааст дигар ягон имтиёз надорам пули камунали свет об налог садфоиза месупорам болои ин 2 фарзанд дорам як линча орд 150 сомон ин 150 сомони пенсара орд харам пули свет об мусур налог супорам чикоркунам чи сабаб бошад ки нисбати маъюбони нуксони модарзи дошта чунин нафакаи кам таин мекунанд охир онхо чунин ба дунё омадан вайхо баркасдона нашудан ё дар зиндаги нашуданд ку мислеки мошинзада бошад ё свет ё дигар касалихоки сабаби маъюб шудан мебошад.Чаро шахсонеки баъдан маъюб мешаван онхо нисбати шахсони модарзод зиёд нафака мегиранд ва имтиёзои ешон бисёртар аст бойяд вазорати масул ба ин масъала бойяд дикат дихад озодагон чоп кун илтимос

на танхо нафакахурон буи гуштро фаромуш кардаанд. мо ичоранишинхоям фаромуш кардаем. Масалан ман маоши мегирифтаамро пули ичора, садик, карзи бонк медихам. Бокимондааш то охири мох базур мерасад ва ё вакти дигар карздор хам мешавам. Лекин одам шукрона бояд кунад. Точикистон тинчу осуда аст иншоллох шукр куни хамамаш мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)