Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:41

Наврӯз: Ду нафар маро латукӯб кард

21 сентябр 2017, 15:15

Наврӯз Зикиров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик аз ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ки ӯро дар Маскав ду посбони бозори “Люблино” латукӯб кардаанд.

Зикиров ин нуктаро дар суҳбат бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия баён дошта, афзудааст, ки ӯ барои интиқоли бори як соҳибкори чинӣ кӯмак кардааст. Намояндагони сафорат аз қавли Наврӯз ба “Озодагон” гуфтанд, “посбонон иддао доштаанд, ки он соҳибкор ҳаққи бозорро надодааст ва Наврӯзро ҳам дар шарикӣ ба ӯ гунаҳкор кардаанд. Аз ҳамин ҷо ҳодиса сар задааст. Ҳозир саломатияш хуб аст. Дар баданаш ягон осори латукӯб нест, танҳо сараш осеб дидааст. Духтурон гуфтанд, баъди чанд рӯзи табобат ӯро ҷавоб хоҳанд дод”.

Манбаъ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон низ бо нашри як навор дар саҳифаи фейсбукияш тасдиқ кардааст, ки ҷавони латукӯбшуда зинда ва дар беморхона бистарист.

Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ паҳн гардид, ки аробакаши латукӯбшуда дар беморхона ҷон додааст.

Иззат Амон, вакили дифои муҳоҷирони тоҷик сабаби рух додани қазияро дар он гуфт, ки гӯиё аробакаши тоҷик бидуни иҷозати посбонҳо борро бо аробааш аз як қисмати бозор ба қисмати дигар бурдааст. Дар пайи ҳодиса даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нишони эътироз назди бозор ҷамъ омада, хостори таъмини адолат ва таҳқиқи мунсифонаи қазия шудаанд. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ муҳоҷирони ҷамъомада боздошт гардиданд.

Намояндаи Тоҷикистон бо тасдиқи хабари боздошти гуруҳи муҳоҷирони тоҷик иттилоъ дод, ки феълан ин қазияро пайгирӣ дорад: "Аксариятро, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд, аллакай ҷавоб доданд. Ҳудуди 15 нафари дигар дар боздошт мебошанд. Ин ҳодисаро пайгирӣ дорем".






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ыа

  • 21 сентябр 2017 09:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро телевизионхои давлатии Точикистон ин гуна хабархоро пахш намекунанд? Факат иждов иждов....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бадтарин милатгарои чахон ин Руссхо мебошанд. Онхоро дар Европа ва дигар манотики чахон дуст намедоранд гайр аз осиёи миёна ва баъзе пасмодахои шурави.
Посух додан
  • ali

  • 21 сентябр 2017 10:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одамкушро ба чавобгарии маьмури мекашанд,Кани адолат?Точикистон шарики стратегии Руссия,аммо твхои Точикистон дасту чагшму дахонашон баста аст,факат барои тавсифу раксу суруд боз мешавнд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ёдат бахайр бародар
Посух додан
  • Точик

  • 21 сентябр 2017 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Русхо хеч вакт точикхоро чашми дидан надоранд ва хеч вакт дусти точикон намещаванд. Мо бошем факат ба русхо ва Россия чоплуси (подхалими) мекунем. Бояд нисбати ин ходиса сафири Россия чавоб гуяд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй "Озодагон" барои пеш нашр намудани як мавод сараввал дурустии онро бо факту далел исбот мебояд кард... Чи зарурат дорад бо хабархои дуруг миени мардум ивго андохтан...? Агар сенсация хохен бо сарчашмахои бовариноки иттилооти кор бояд гирифт. Ягон одам намурдас ва дуввуми ки ин чавони ба мочаро вохурда аробакаш набуд... Ба чои он ки мардумро ба суи дустиву осудаги хидоят кунен, баракс ба аловашон равган мезанед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охи мн дар як руз хафт маротиба дар суруди иждов яна иждов ракс накунам хобум намебарад
Посух додан
  • Гулкаьда

  • 22 сентябр 2017 08:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эее мардум бас куне хаму Россияра биее дар Ватан кор купе охи..ина шуйи ма не Россия мерава не пасия зиндагимон хуб гузаштейсай..биейе хок дар сартон
Посух додан
  • 055

  • 22 сентябр 2017 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакти он расидааст,ки е вазорати мухочирон ташкил кунем е ягон барномаи давлати оид ба дар оянда ба кор таъмин кардани хадди аккал 80% мардумротахия карда аз пасаш шавем.Вагарна дар оянда аз ин мардум чи месозем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!