Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 октябр 2017, 11:50

(ВИДЕО) Назарпурсӣ: Рӯдакӣ кӣ буд?

22 сентябр 2017, 09:39

22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Хабарнигори “Озодагон” дар ин рӯз дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсид: Рӯдакӣ кӣ буд? Посухҳоро дар ин навор бубинед.



Соли сипаришуда дар Рӯди Рӯдакӣ “Озодагон” аз чанд нафар хоста буд, аз эҷоди сардафтари адабиёти классики тоҷик шеър бихонанд. Гулчини он дар ин навори кӯтоҳ гирд оварда шудааст



Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Дар даврони салтанати Сомониён ба дарёфти унвони “Маликушшуаро” мушарраф гардид. Рӯдакӣ соли 941 дар зодгоҳаш даргузашт. Аз соли 2002 ба ин сӯ 22 сентябр, ки рӯзи мавлуди Рӯдакӣ дониста мешавад, дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ali

  • 25 сентябр 2017 09:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
من هم روز رودکی بزرگ را گرامی میدارم. درود بر هم زبانان عزیز تاجیک. دوستتان دارم

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!