Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:28

Боздошти Фахриддинов бо шиносномаи Чин дар марзи Сурия

22 сентябр 2017, 14:28

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муҳиддин Фахриддинов, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо шиносномаи чинӣ дар марз бо Сурия аз сӯи мақомоти Туркия боздошт гардидааст, ба 13,5 соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон Фахриддинов дар қасди ҷиноят ва зархаридӣ гунаҳкор дониста шуд: “Муайян гардид, ки ӯ аз соли 2003 мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, 20 сентябри соли 2016 дар шаҳри Москва бо “Мустафо” ном аъзои фаъоли ташкилоти экстремистй-террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” шинос шуда, ақида ва мақсадҳои ташкилоти зикршударо қабул ва ҷонибдорӣ намудааст”.

Манбаъ афзуд, ки Фахриддинов 20 апрели соли 2017 тавассути хатсайри «Москва-Истамбул» ба Туркия сафар намуда, он ҷо бо роҳбаладӣ ва кумаки “Мустафо”, барои худ ҳуҷҷати тасдиқдунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Халкии Хитой бо миллати уйғур дастрас кардааст: “Сипас ба шаҳри Газиантеппа ва баъд ба шаҳри Хатай рафтааст. Он ҷо ӯро шахси бовариноки “Мустафо” пешвоз гирифта, бо ҷои зист таъмин намуда, иброз мекунад, ки бинобар вазъи номусоиди сарҳад мунтазир бошад ва бо фаро расидани шароити мусоид барои ба Ҷумҳурии Сурияи Араб гузаштан кумак хоҳад кард”.

Тибқи иттилои додситонии Тоҷикистон Фахриддинов 7 апрели соли 2017 дар рафти гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!