Бахшҳо

Даргузашти собиқ рӯзноманигор ва раиси Шӯрои олӣ

Усмони Ҳасан, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, арбоби давлатӣ шоми 23-юми сентябр дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора рӯзноманигор Султони Ҳамад иттилоъ дода, афзуд, ки Усмони Ҳасан 24 сентябр дар оромгоҳи деҳаи Ҷарбошии шаҳри Ваҳдат ба хок супурда шуд.

Усмони Ҳасан соли 1931 дар деҳаи Скади ноҳияи Сангвор дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа соли 1945 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм дохил шуда, онро соли 1948 хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба Институти дусолаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб дохил гардида, соли 1950 ба ба ҳайси муаллим барои кор ба зодгоҳаш фиристода шудааст.

Солҳои 1951-1953 дар ноҳияи Сангвор муаллим будааст ва ҳамзамон дар ҳамин солҳо дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ғоибона таҳсил намудааст. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгорӣ соли 1953 ба ҳайси директори омӯзишгоҳи омӯзгорӣ оид ба ғоибхонҳо дар вилояти Ғарм фаъолият кардааст. Соли 1955 ба кори ҳизбӣ мегузарад. Дар аввал то соли 1959 ба ҳайси мудири шуъбаи идеологии кумитаи ҳизбии ноҳияи Тоҷикобод, баъдан солҳои 1959-1960 сармуҳаррири рӯзномаи «Қаротегини советӣ» фаъолият намудааст.

Солҳои 1960-1962 шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ буд. Солҳои 1962-1970 дар вазифаҳои мудири шуъбаи идеологӣ, сипас котиб ва котиби дуюми кумитаҳои ҳизби коммунисти ноҳияҳои Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) ва Файзобод кор кардааст. Солҳои 1970-1973 вазифаи раиси комиҷроияи ноҳияи Файзободро ба дӯш доштааст. Аз соли 1973 то соли 1986 котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Ғарм ва шаҳри Орҷоникидзеобод буд.

Усмони Ҳасан солҳои тӯлонӣ намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида дар даъватҳои 10-11-ум раисии онро ба уҳда дошт. Заҳмати Усмони Ҳасан бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ, азҷумла ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Дӯстии халқҳо», медали «Барои меҳнати шоён» ва ғайра қадрдонӣ шудааст.

Усмони Ҳасан муаллифи як силсила китобҳое мебошад, ки аз рӯзгори пурҷушу хурӯши худи ӯ ва мардуми кишвар қисса мекунанд. Азҷумла китобҳои «Дар оилаи ягона», «Сулҳ иродаи халқ», «Пайванди дилҳо», «Ойинаи ҳаёт», «Маромнома», «Мавҷи Хингоб», «Такони ҳаёту зиндагӣ» масоили муҳими ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос кардаанд ва хонандаи худро доранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)