Дар марказҳои маъмурии Суғду Хатлон ҳам низоми “Шаҳри бехатар” фаъол мешавад
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Жу Тянсин, директори ширкати “Ҳуавей” масъалаи роҳандозии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт -- “Шаҳри бехатар” дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлонро баррасӣ кардаанд.
Торнамои расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Раҳимзода ва Тянсин, ки душанбеи 25 сентябр дар Чин сурат гирифт, ба амалисозии даври дигари лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дахл карда, таъкид кардаанд, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ин лоиҳа дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ амалӣ хоҳад шуд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, бо кумаки системаи “Шаҳри бехатар” сатҳи бехатарии шахсӣ ва ҷамъиятӣ баланд гардида, “дар самти пешгирӣ ва ошкорсозии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо фаъолияти судманд ба роҳ монда шудааст”.
Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт ё “Шаҳри бехатар” дар пойтахти Тоҷикистон баъд аз зуҳри якуми ноябри соли 2013 ба фаъолият оғоз кард. Тарҳи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе бо харҷи 22 миллион доллар амалӣ шуд, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар як нишасти хабарии соли 2015 гуфта буд, баъди ба фаъолият шурӯъ намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар роҳҳои пойтахт, дар баробари кам гардидани қонунвайронкунӣ, инчунин сатҳи садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгард низ коҳиш ёфтааст. Ба қавли Раҳимзода, вазъи рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳое, ки камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд, нисбат ба солҳои пеш 30 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе ронандаҳо аз ҷаримаҳое, ки дар пайи сабти қонунвайронкунӣ дар роҳҳо тавассути дурбинҳои "Шаҳри бехатар" татбиқ шудаанд, шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳаҷми ҷаримаҳо хеле гарон буда, дар шароити кунунӣ тавони пардохтани онро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |