Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 23:54

Парванда алайҳи 3 ширкат барои ҷалби тоҷикон ба "ғуломӣ" дар Саудӣ

26 сентябр 2017, 09:15

Додситонии кулли Тоҷикистон 3 ширкатро, ки ба интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ машғул будаанд, дар харидуфурӯши одамон муттаҳам мекунад.

Тибқи иттилои Додситони кулли Тоҷикистон дар пайи санҷишҳо муайн гардид, ки ҶДММ «Абдулкарим» воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ 15/1, ширкати «Ҷамол-2012» воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев 21/7 ва «Имкон-2015» воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар асосан ба сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатӣ машғул будаанд: “Ҷамъиятҳои мазкур давоми соли 2016 ва нимаи аввали соли 2017 шаҳрвандон Шамсия Асаналишоева, Сироҷова С.А., Келдиев Д.Г, Делаева Р.А ва дигаронро ба Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар мекардаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Арабистони Саудӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони араб берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида, ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд ва музди маошашонро низ пардохт накардаанд”.

Ба гуфтаи ин ниҳод нисбати кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаҳои 130.1 қисми 2 бандҳои “г” ва “ё”- Кодекси ҷиноятӣ, яъне “барои хариду фурӯши одамон, бо мақсади суиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ” парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаблан Шамсия Асаналишоева, як зани тоҷик, шикоят кард, ки дар Арабистони Саудӣ мавриди азияту шиканҷа қарор гирифтаааст. Баъдан ӯ тавассути сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба Ватан баргардонда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!