Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:39

(ВИДЕО+АКС) Дархости сокинони Заргар: Дар ҷойи майдончаи варзишии деҳа хона насозед!

26 сентябр 2017, 16:31

Сокинони рустои Заргари шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ягона майдончаи варзишии деҳа ва мактабро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба чанд нафар тақсим кардаанд. Онҳо аз ҳукумати шаҳр ва масъулин дархост доранд, ин қарор бекор карда шавад.

Сокинони ин деҳа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, майдончаи варзишӣ, ки аз 0.25 га замини ғайрикишоварзӣ иборат аст, ҳанӯз замони фаъолияти раиси пешини шаҳр ба сокинони деҳаҳои дигар тақсим шуда, то имрӯз баҳсҳо идома дорад. Бороналӣ Пирназаров, як сокини Заргар мегӯяд, даҳсолаҳост, ки мардуми деҳа дар ин варзишгоҳ бозӣ мекунанд ва ахиран барои ободонии он пул ҷамъ кардаанд: “Мо бо нерӯи худамон обод мекунем. Имрӯз дар маҳалла зиёда аз 450 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Мактаби деҳа 800 хонанда дорад, ки дарсҳои варзиш ва омодагии дифоъ дар ҳамин майдонча мегузаранд. Саҳни мактаб бисёр хурд аст”.

Шамсиддин Насриддинов, сокини дигари маҳалла гуфт, худи ӯ, ки ҳоло 60 сол дорад дар ин майдон футбол бозӣ мекард: “Пеш аз мо падаронамон бозӣ мекарданд. Инро ҳама медонад. Ба тарафи варзишгоҳ роҳи мошингард набуд, халқ худаш пул партофта роҳ сохт”.

Ба гуфти ӯ аз канори варзишгоҳ ҳамчунин роҳи қабристон ва моли мардум мегузарад: “Майдончаро бе пурсиши аҳолӣ, раиси маҳалла пинҳонӣ се сол пеш ҳуҷҷат карда будааст. Баъдан мо рафта раиси ҷамоат ва заминсозро пурсидем, ки гуфтанд, хабар надорем”.

Насриддинов афзуд, баъдан бо ариза чанд маротиба ба ҳузури раиси шаҳр рафтанд, аммо қабул накарда, баррасии ин даъворо бар души муовинонаш гузоштааст: “Ин корро раис ба муовинонаш вогузор кард, аммо коре карда натавонистанд. Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Прокуратураи генералӣ низ муроҷиат кардем, аммо ҳанӯз ҷавоб нагирифтаем”.

Ӯ мегӯяд, ахиран унвонии Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон нома фиристода ва ҳалли қазияро хостаанд. Умед Ҷонмамадов, як ҷавони ин маҳалла мегӯяд, сокинони деҳа пул ҷамъ карда, ҷойи бозии волейбол, футбол, баскетболро дуруст кардаанд: “Имсол соли ҷавонон аст ва агар имкон дошта бошанд, ба мо кумак кунанд, ки боз ободтар кунем”.

Сокинони маҳалла мегӯянд, ин ҷой на танҳо макони бозиҳои варзишӣ, балки макони гузаронидани чорабиниҳое аз қабили Иди Наврӯз мебошад. Гулдаста Юсупова, Мунира Шарипова, Шодигул Охунова ва Гулсара Фаттоҳова, сокинони деҳаи Заргари Ваҳдат ҳам дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, майдончаи варзишӣ, ягона ҷойи бозии кӯдаконашон аст. Онҳо мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ розӣ нестанд, ки ҷойи варзишгоҳашон хонаҳои истиқоматӣ бунёд шавад.

Файзалӣ Раҷабов,
раиси маҳаллаи Заргар ҳам гуфт, ҷойи майдончаи варзишӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст, дар ҳоле ки сокинон дигар варзишгоҳе надорад. Раҷабов афзуд, дар посух ба муроҷиатҳои пай дар паяшон масъулин гуфтаанд, “рафта дар маркази ноҳия ва дар Душанбе машқ кунед”.

Сокинони маҳалла мегӯянд, умедворанд, ин қазия дар фкрсатҳои наздик ҳал шуда ва қарори тақсими варзишгоҳ барои сохтмони манзил бекор карда мешавад.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!