Бахшҳо

Кадоме дуруст: Муаррифгар ё муарриф?

Муарриф маънояш "шиноскунанда" аст. "Муаррифгар" ҳамон қадар дуруст метавонад бошад, ки ба фарз "шиноскунандагар". Яъне ҳамон қадар, ки пасванди "гар" дар сохтаи "шиноскунандагар" зиёдӣ аст, дар "муаррифгар" ҳамон андоза зиёдист.

Агар мо зиёд рӯйи истифодаи ин калима исрор дошта бошем, бо баъзе истисноҳо метавонем "муаррифӣ+гар=муаррифигар" нависем, аммо ин дигар заъфи забон мешавад. Дар забони зиндаи мардум калимаи "халосгар" (наҷотдиҳанда) ҳаст ва ба пайравӣ аз он мо метавонем калимаи "шиносгар" ва ё "ошногар"-ро барои ин маврид ба кор бибарем. Агар инро напазирем, ҳамон муарриф боқӣ мемонад, "-гар" дар он қоидатан ҳашв шумурда мешавад.

Муррифгар гуфтан мисли он аст ки муаллимгар, муаллифгар, мусаннифгар, мунаҷҷимгар ва аз ин қабил гуфта шавад, ки ҳамагӣ, албатта, хатост.

Ин калимаҳои арабӣ дар сурате пасванди "-гар"-и тоҷикиро гирифта метавонанд, ки дар тасрифи дигар, на дар қолаби "муфаъъил" балки дар қолаби "тафъил" биёянд. Яъне: таълимгар, таълифгар, таснифгар, танҷимгар ва аз решаи ъарафа ба ҷойи "муаррифгар" шакли саҳеҳаш - таърифгар. Таърифгар дақиқан ҳамон маънои "шиноскунанда"-ро дорад, аммо ба ин маъно мо онро дар тоҷикии имрӯз кор бурда наметавонем, чунки "таъриф" (шинос кардан) дар забони имрӯзи мо табдили маъно карда, "ситоиш" дониста мешавад ва агар касеро мо "таърифгар" биномем, ҳаммаънои "маддоҳ" фаҳмида мешавад. Танҳо дар забони илм ба ба маънои асли худ боқӣ мондааст.
Ӯ набинад ғайри дастореву риш,
Аз муарриф пурсад аз бешу камиш.
Орифо, ту аз муарриф фориғӣ,
Худ ҳамебинӣ, ки нури бозиғӣ.

Мавлоно


Рустами Ваҳҳоб
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)