Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 19 июн 2019, 00:44

Боздошти зиндонбон барои ваъдаи раҳоии “таҳқиркунанда”-и ҳокимият

28 сентябр 2017, 16:17

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як зиндонбон хабар дод, ки ба ивази пора ваъда додааст, нафари муттаҳам дар таҳқири намояндаи ҳокимиятро аз ҳабс раҳо хоҳад кард.

Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод Ҳамдам Одинаев, нозири калони Шӯъбаи корҳои ислоҳии вилояти Хатлони Раёсати нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барои қаллобӣ ва гирифтани 11 ҳазор сомонӣ пора феълан дар боздошт мебошад: “Одинаев ба шаҳрванд «А», ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 328 қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятӣ дар баррасии судӣ қарор дошт, ваъда додааст, ки тавассути суд ба ивази 11 ҳазор сомонӣ пора ҷазои ғайриҳабсӣ дар намуди ҷарима татбиқ мешавад”.
Манбаъ афзуд, ки Одинаев аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз 10 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Одинаев Ҳамдам ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 10 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

Нисбати Одинаев бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бахтовар

  • 28 сентябр 2017 17:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба Шумо халк боварияш бисёр шуда истодааст. Аз фасод тоза кунед давлатро то мардум озодона ба чои кор афтодааст мурочиат кунад. Барори кор. Ба пеш мо интизори хабархои нав.
Посух додан
  • Мурод

  • 29 сентябр 2017 10:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як тарафи зиндонхои душанбе хам назар кунед бозор шудаги .

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!