Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 14:42

Муовини сарвазир: Касе ҳаққи хато кардан дар сохтмони Роғунро надорад

29 сентябр 2017, 10:02

Муовини сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, ҳеч касе ҳаққи хато кардан дар сохтмони НБО “Роғун”-ро надорад. Азим Иброҳим ин нуктаро рӯзи гузашта, 28 сентябр зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳор доштааст.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, муовини сарвазир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати корҳои васлу насби толори мошин ва бинои трансформаторҳо баҳои мусбат дода, изҳор доштааст, маҷмӯи корҳои нақшавӣ бояд дар доираи меъёрҳо ва муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом ёбад.

Ба таъкиди Азим Иброҳим дар қитъаҳои корҳои сохтмонии садди бунёдшаванда, мавзеи қабати намак, корҳои сементкунонӣ, такшоншавию ҷаббиши об бояд диққати аввалиндараҷа ба сифати корҳои мустаҳкамгардонӣ равона гардад. Муовини сарвазир дар идома афзуда, “дар сохтмони ин иншоот ҳеч кас ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро иншооти мазкур бояд садсолаҳо ба наслҳои имрӯзу фардои кишвар хизмат расонад”.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Тибқи нақша агрегати якуми нерӯгоҳ охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хакикат

  • 29 сентябр 2017 11:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шунидам, ки сохтани сохтмонхоро, махсусан бинохои истикоматиро катъ карданд. Агар рост бошад, бисёр кори нодуруст аст. Агар сохтмончиён нодуруст ва бо камбуди хона месозанд, касе ки ба ухда гирифтааст сохтани хамон сохтмонро чазояшон диханд, на ин ки бо ин бахона сохтмонхоро аз кор мононанд. азим Иброхим яке аз кадрхои бокувваттарин аст. Аз пушти хар хатокор у набояд чазо гирад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!