Бахшҳо

Хиёнату ҷудоӣ-гардише дар достони ишқи Ҳабиби тоҷик ва Валя (ВИДЕО)

Достони ишқу хонадории Ҳабиб Патахонов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки 12 соли қабл барои издивоҷ бо Валя Исоева, ноболиғи 11-солаи рус вирди забонҳо шуда буд, дигарбора дар барномаи “Пуст говорят” баррасӣ шуд.

Тайи 12 соли хонадорӣ оилаи ин ҷуфт ҳамеша мавриди назари расонаҳо буд ва ахиран Валя Исоева, ҳамсари Ҳабиб Патахонов бо шикоят аз шавҳараш ба барномаи “Пуст говорят” омада, изҳор доштааст, ки дигар бо ӯ зиндагӣ намекунад.

Валя гуфтааст, Ҳабиб ӯро мезанад ва писарашро ба ӯ нишон намедиҳад. Шавҳараш дар навбати худ Валяро дар хиёнаткорӣ муттаҳам карда, изҳор медорад, ки ҳафтаҳо ба хона намеояд.

Зимни барнома маълум мешавад, ки Валя воқеан тайи 1,5 соли охир дӯстдоштаи дигар доштааст.

Ҳабиб Патахонов мегӯяд, писараш зардина аст ва дар падарии худ шубҳа пайдо кардааст. Аммо дар барнома натиҷаи ташхиси генетикиро эълон мекунанд, ки падарии Ҳабиб 99% тасдиқ мешавад.

Қиссаи ошиқии Ҳабиб ва Валя 12 соли қабл оғоз гардид. Моҳи майи соли 2005 таваллуд кардани як ноболиғи 11-сола, ки ҷавонтарин модар унвон мешуд, аз мавзӯъҳои доғи расонаҳои Русия буд. Он вақт гуфта шуд, падари фарзанди ин хонандаи мактаб муҳоҷири 17-сола аз Тоҷикистон аст. Ҳабиб аз узбактаборони Тоҷикистон гуфта мешавад. Баъди расонаӣ шудани ҳодиса Ҳабиб барои робитаи маҳрамона се сол шартан ҳукм гирифт. Бо қарори додгоҳ Ҳабиб ва Валя ҷудогона зиндагӣ мекарданд, аммо парастории духтарашон Амина бар души ҳардуяшон буд. Ба иттилои манбаъ, баъди ба синни 17 даромадани Валя соли 2010 ин ҷуфти ҷавон никоҳи расмӣ баста буданд ва соҳиби писарча-Амир шуданд.

Достони ишқу ҷудоии Ҳабиб ва Валя дар барномаи “Пуст говорят”, лаҳзаҳои асосӣ:




Барномаи муфассал:

Мӯҳр
Хикмат
Эй Ҳабиби сарзада халқи Кабир 12сол пеш туро масхара мекарданд
дар ҳамон барнома.Дар ёд дори? Дар ин қадар вақти тулони шаҳрванд шуда натавонисти? Духтарҳои қошсиёҳи узбак дар Ватан интизори ҷигитҳою ту Валя гуфта гашти.Қаҷу бенур ҳам бошад аз миллати худ бошад.Ҳайф!

Дарахти макри ЗАН сад реша дорад.
Фалак аз дасти ЗАН андеша дорад!!!
Просто Хабибу жалько, всё равно любит эту ИЗМЕНЩИЦУ но мужской гордость и НОМУС не позволяет ему этого сказать!!! Трудно ему это пережить но мы просим Аллаха дать ему САБР. А про неё хочу сказать, что рано или поздно она сожелеет но уже будет ПОЗДНО!! Боки дар амони Аллох бошед)))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)