Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:42

Президенти Туркманистон ба барандагони медали тилло “Toyota Camry GL Executive” тақдим кард

29 сентябр 2017, 14:54

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба барандагони медали тиллои Бозиҳои V осиёӣ ва мураббиҳои онҳо 94 худрави тамғаи “Toyota Camry GL Executive” тақдим кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои туркманӣ, маросими супоридани туҳфаҳо дар Маркази созмонҳои ҷамъятии Туркманистон баргузор шудааст. Президент ҳамчунин ба 54 барандаи медали нуқра 5 ҳазор долларӣ ва ба 77 барандаи медали биринҷӣ 3 ҳазор долларӣ ҳадя кардааст.

Дар ин маросим бархе аз варзишкорон ва мураббиён бо унвонҳои "Устоди шоистаи варзиши Туркманистон" ва "Мураббии шоистаи Туркманистон" сарфароз гардонида шудаанд.

Дар Бозиҳои V–уми осиёӣ дастаи Туркмнистон бо 245 медал -- 89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ зинаи аввалро соҳиб шуд.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот 125 варзишгар ширкат карда, бо дарёфти 51 медал- 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ миёни дастаҳо зинаи 17-умро соҳиб шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • беном

  • 29 сентябр 2017 21:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
офари ба варзишгарони точик бисер хуб мешид ки хукумати чумхурии тч ба мисли туркманистон варзишгарора бо хамихел тухфахо кадрдони мекард

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!