Бахшҳо
02 окт 2017 11:07Тоҷикистон / Акс

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 1-уми октябр аз ноҳияи Хуросон боғи намунавии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки дар заминҳои хоҷагии “Асадулло” бунёд гардидааст, боздид кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон боғи мазкур 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шуда, дар он беш аз 300 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд: “23 феврали соли 2016 дар боғи ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” бо иштироки Сарвари давлат дарахтони себ ва 4 марти соли 2017 дар 6 гектари ҳамин боғ 3000 адад ниҳоли олу шинонида шуда буд”.

Дар маҷмуъ боғу токзори хоҷагии Асадулло беш аз 2000 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз садҳо гектар боғи нав бунёд намоянд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ дод, дар боғи мазкур беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст: “Хоҷагии фермерии “Асадулло” бисёрсоҳа буда, бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст. Ҳамчунин бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагӣ 60 оилаи занбур дастрас карда шуд. Дар ҳудуди хоҷагӣ ду сардхонаи калон бо иқтидорҳои 300 ва 1000 тонна мавҷуд аст. Айни ҳол меҳнаткашони хоҷагии фермерии “Асадулло” ба ҷамъоварии ҳосили олу, себ, челон ва ангур машғул мебошанд ва ба хотири талаф наёфтани ҳосил онро дар сардхонаҳо нигоҳубин менамоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервашуда содирот гардад.


АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат
Мӯҳр
Чаро ин сафари кори бо таври мустақим пахш нашуд?Чаро дар навори тв аз архив пешниҳод шуд?Чаро..чаро...чаро...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)