Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 15:08

Мулоқот бо роҳбарони мақомоти қудратӣ баъди таниши сокинон бо милиса дар Ишкошим (АКС)

4 октябр 2017, 11:47

Роҳбарони мақомоти милиса, амният, парлумон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 3-юми октябр бо сокинони ноҳияи Ишкошим мулоқот анҷом доданд. Дар вохӯрӣ Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, полковник Нусратулло Мирзоев, муовини раиси КДАМ, Зикрихудо Самадзода, раиси Ишкошим ва роҳбарони дигари мақомоти қудратии Тоҷикистон иштирок доштаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД Аламшозода дар ҳузури мардум аз сардорони мақомотҳои қудратии вилоят талаб намуд, ки риоя намудани талаботи қонунҳоро аз ҷониби худ ва фарзандонашон таъмин намоянд.

Муовини вазири умури дохилӣ хостори ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла воситаҳои нақлиётӣ бе рақами қайди давлатӣ, сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ шудааст.

Аламшозода зикр кардааст, ки ВМКБ бо Афғонистон дар масофаи 910 километр ҳамсарҳад буда, вазъияти ноором ва даргириҳои пай дар пай дар кишвари ҳамсоя аҳли ҷомеаро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар баробари сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии ВМКБ дар таъмини амният ва ҳифзи тартибот саҳми худро гузоранд.

Полковник Нусратулло Мирзоев, муовини раиси КДАМ таваҷҷӯҳи сокинони ноҳияи Ишкошимро ба он ҷалб намуд, ки дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони милитсия ҳамкории пайваста намоянд. Аҳолии Ишкошим дар навбати худ дар бораи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муҳофизати сарҳад ва таъмини волоияти қонун таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар пайи як таниш миёни сокинони Ишкошим ва маъмурини милиса ду нафар боздошт шуданд, ки боиси норозигии бархе аз сокинони ноҳия гардида буд.


Мулоқот бо роҳбарони мақомоти қудратӣ баъди таниши сокинон бо милиса дар Ишкошим (АКС)

Мулоқот бо роҳбарони мақомоти қудратӣ баъди таниши сокинон бо милиса дар Ишкошим (АКС)

Мулоқот бо роҳбарони мақомоти қудратӣ баъди таниши сокинон бо милиса дар Ишкошим (АКС)

Мулоқот бо роҳбарони мақомоти қудратӣ баъди таниши сокинон бо милиса дар Ишкошим (АКС)

Мулоқот бо роҳбарони мақомоти қудратӣ баъди таниши сокинон бо милиса дар Ишкошим (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
......фикр мекунам чунин сухбатхо, бояд дар хамаи шахру нохияхое, ки бо Афгонистон хамсархад мебошанд гузаронида шавад. Дар хамин шабу руз хеле зарур аст.......

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!