Бахшҳо

65-умин зодрӯзи Э.Раҳмон: Аз деҳқонию устои барқ то президентӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми октябр 65-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи 25 соли охир роҳбарии кишварро ба уҳда дорад, 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамин тавр, минбаъд дар интихоботҳои президентии соли 1999, 2006 ва 2013, ки дар санаи 6-уми ноябр баргузор шуд, се бори дигар Президент интихоб шуд.

Аз соли 1999 бо ворид кардани тағйирот ба Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон муҳлати президентиро ба 7 солӣ тамдид карданд. Бори охир Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҳукумати Тоҷикистон, Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, Раиси Кумитаи миллии олимпӣ, Раиси Шӯрои амният, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - "Пайванд", Роҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Эмомали Раҳмон аз моҳи декабри соли 2015, бар асоси як қонуни нав, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат эълон шуд. Ин қонун ва тағйироти ахир ба Конститутсия Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳаққи бемаҳдуди ширкат дар интихоботи президентӣ бархӯрдор кард.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.
Мӯҳр
м
Зодруз муборак Чаноби Оли чи орзуе ки барои ободии кишвар доред чомаи амал пушад!

Фирдавс
65-умин бахори умр муборак, Пешвои миллат ва фарзани содики Ватан. Бигузор то синни 100-бирасед ва хамеша сихатманду сарбалан бошед!!!!! Мо бо Шумо ифтихор дорем ва хушбахтем, ки чунин сарвари окилу дурандеш дорем. Бор дигар ЗОДРУЗ МУБОРАК бошад!!!

Ватандӯст
Зодрӯзи Шумо Пешвои миллат, ба худи Шумо, аҳли байтатон, ба миллати тоҷик ва тамоми тоҷикистониё ва ба тамоми тоҷикони дунё муборак бошад!!! Ба Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом аз даргоҳи ОЛЛОҲ таманно дошта бигзор Шумо ва миллату давлати азизи мо ҳама вақт дар паноҳи ХУДОВАНДИ КАРИМ бошем ! Зинда бод Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон!

Точик
Зодруз муборак Асосгузори сулху вахдати Милли пешвои Миллат сад сола шавен!

Р.КАРИМЗОДА
МЕХРДАВЛАТ РОХБАРАМ!БЕНАЗИРУ ТОЧБАРСАР САРВАРАМ.
НЕСТ МИСЛИ ТУ ДАР ОЛАМ ПЕШВОИ ГАМГУСОР,
БЕХТАРИНИ БЕХТАРИНХО,ПЕШВОИ МИЛЛАТАМ.
ЗОДРУЗИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАРАМОН ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСОСГУЗОРИ СУЛХУ ВАХДАТИ ТОЧИКИСТОН МУБОРАК БОШАД! ХУДОВАНД БА ИН РОХБАРИ БУЗУРГ САЛОМАТИ ВА УМРИ ДАРОЗ БУБАХШАД,БОШАД,КИ ТАМОМИ МАРДУМИ ТОЧИК ДАР ЗЕРИ САРВАРИИ ИН АБАРМАРД СОЛИЁНИ ДАРОЗ УМР БА САР БАРАНД, ШАРАФ БА ПРЕЗИДЕНТИ АЗИЗИ МО!!!

Талбакзода Шамшод
Асосгузори сулху вахдати Милли пешвои Миллат мухтарам Эмомали Рахмон Шуморо ба ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.

Зодрузатон муборак бод Чаноби Оли дар дил чи орзуе доред чомаи амал пушад иллохо Худо мисли шумо барин мардхоро аз сари мо кам насозад....


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)