Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:40

Эълони ҳукми 5 корманди “Тоҷпромбонк”

5 октябр 2017, 10:22

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе панҷ корманди филиали “Тоҷпромбонк” дар Шаҳринавро дар маҷмӯъ барои 54 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Ин афрод дар “азхудсозии маблағи бонк” муҷрим шинохта шудаанд.

Бар пояи иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, директори филиал Қурбонов С.Н. сармуҳосиб Тешаева С.Б., хазинадор Ғафуров И.С. коршиносони калони қарзии бонк Сафаров Х.Н. ва Ҳодиев Ф.Ҷ. аз соли 2013 то моҳи феврали 2016 бо маслиҳати пешакӣ пасандоз, маснуоти тилловорӣ ва маблағҳои пешпардохти мизоҷонро аз худ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ин афрод ба “Тоҷпромбонк” дар ҳаҷми 188.000 доллар, 95.182 сомонӣ ва 278.738 рубли русӣ зарар расонидаанд.

Бо қарори додгоҳ, Қурбонов 16 сол, Ғафуров И.С. 12, Ҳодиев Ф.Ҷ., Сафаров Ҳ.Н. 9 солӣ ва Тешаева С.Б. 8 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!