Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:27

Ҷузъиёти қатли Акмал аз сӯи 2 дӯст дар муҳоҷират

5 октябр 2017, 16:59

Маъмурини милисаи Тоҷикистон ва Русия дар пайи амалиёти муштарак муайян кардаанд, ки Акмал Норқулов, муҳоҷири 30-солаи тоҷикистонӣ дар Сургут аз ҷониби ду дӯсти наздикаш кушта, ба ҷангал партофта шудааст.

Қаблан мақомоти Русия иттилоъ доданд, ки аввали сентябр аз ҷангалзори назди Сургут ҷасади Акмал Норқулов, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дарёфт шуд. ВКД-и Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки дар марги Акмал ду дӯсту ҳамкораш- Яқубов Баҳодур Раҳмонович, сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ва Алибоев Соҳиб Наимович, сокини 20-солаи ҷамоати деҳоти Эргаш Шарипови шаҳри Конибодом даст доранд.

Тибқи иттилои манбаъ Баҳодур Яқубов, ки марҳум ӯро ҳамчун додархонд қабул кардаасту дар хонаи иҷорааш ҷой додааст, аввали сентябр мошини Акмалро барои сайру гашт гирифтааст: “Акмал мошинашро 3-юми сентябр барои сайругашт ба Баҳодур ва Соҳиб додааст. Вақте мошинро бозпас хостааст, миёнашон муноқиша сар задааст. Яке аз сабабҳои муноқиша 15 литр сӯзишворӣ будааст, ки гӯиё гумонбарон маблағи онро пардохт кардаанд”.

ВКД афзуд, ки зимни муноқиша гумонбарон Акмалро ба қатл мерасонанд ва ҷасадро ба ҷангалзор мепартоянд: “Пас аз чор рӯз ҷасади Акмал Норқуловро кормандони пулиси Русия аз ҷангалзор пайдо карданд. Баҳодур барои рӯйпӯш кардани гуноҳаш дар кофтукоби Акмал иштирок кардааст ва баъдан ба Тоҷикистон омадааст”.

Дар пайи боздошт Баҳодур гуноҳашро эътироф кардааст ва дар назар аст, ки шарикаш Соҳиб Алибоев низ ба зудӣ ба Тоҷикистон истирдод шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!