Бонки Ҷаҳонӣ ду ҳайати коршиносонро таъсис додааст, ки мутахассисони маъруфи сатҳи байналмилалӣ ба узвияти он пазируфта шудаанд.
Дар ин бора аз дафтари душанбегии Бонки Ҷаҳонӣ иттилоъ доданд.Дар баёнияи ин ниҳод аз ҷумла гуфта мешавад, ду ҳайати дигар ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла паҳлӯҳои фаннию иқтисодӣ ва ҳамчунин таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоии обанбори Роғун машғул хоҳанд буд.Таври маълум, рӯзҳои 18-19-уми май намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва созмонҳои ғайридавлатии ин кишварҳо дар Алмато бо натиҷаҳои пешакии оғози баррасии тарҳи “НБО-и Роғун” ошно шуданд ва пешниҳодҳои худро ба миён гузоштанд.Ӯзбакистон аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ кард, чаро ки ин кишвар аз мухолифини сарсахти бунёди нерӯгоҳи Роғун аст. Созмондиҳандагони нишасти Алмато гуфтанд, қаблан ба ҳукумат ва созмонҳои экологии Ӯзбакистон даъватнома фиристода ва посухи мусбати онҳоро дар робита ба ширкат дар ҳамойиш гирифта буданд. Интизор меравад, Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи июн конфронси дуюми марбут ба тарҳи Роғунро бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистону Қазоқистон баргузор кунад. Аз сӯи дигар, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аввалин санадҳои худро аз пажӯҳиши тарҳи Роғун ба тавре дар миён гузоштаанд, ки агар бо гузашти 18 моҳ баррасии ҳамаи самтҳои лоиҳа ба таври мусбат ҳал шавад, Бонки Ҷаҳонӣ аз созмонҳои байналмилал, давлатҳо ва сармоягузорони алоҳида даъват хоҳад кард, ки дар эҳдоси Роғун саҳм бигиранд.
Мӯҳр