Тавре Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар муассисаи мазкур кўдакони ҷисман ноқис–нобиноён ва атфоли сустбин ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, ҷаноби вазир тарбиягирандагонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо тўҳфаҳои идона ва либосҳои зимистона тақдим намуд. Зимнан, барои таъмини шароити мусоиди зист ва вазъи маишии тарбиятгирандагон ба мактаб-интернат маводи хўрокворӣ ва 20 адад кати хобравӣ ҳадя кард.
Бино ба қавли сухангӯи ВМ, рўзҳои наздик ба кӯдакони хона-интернати мазкур ҷевону қолинҳо барои роҳрав низ ирсол мегардад. Гуфтанист, вазорати маориф минбаъд низ кўмаку дастгирии тарбиятгирандагони парваришгоҳҳоро идома хоҳад дод.
Мӯҳр« Март 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |