Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 19 июн 2019, 00:32

Сафари Э.Раҳмон ба Сочӣ ва худдории Отамбоев: “Шӯриш” нашавад...

10 октябр 2017, 09:25

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми октябр барои иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Сочии Русия меравад.

Тибқи иттилои Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Русия дар доираи ин ҳамоиш мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар назар аст.

Сарони Тоҷикистон ва Русия давоми соли ҷорӣ ду дидор 27 феврал дар Душанбе ва 5 сентябр дар доираи нишасти БРИКС дар Сямэни Чин анҷом доданд.

Ин дар ҳолест, ки Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон эълон кардааст, ки аз сафар ба Сочӣ худдорӣ мекунад. Отамбоев гуфтааст, дар рӯзи интихоботи президентӣ дар Қирғизистон, ки 15-уми октябр дар назар аст, ки эҳтимоли эҷоди ноамнӣ аз сӯи бархе сиёсатмадорҳо ва хадамоти хориҷӣ ҷой дорад ва ӯ дар Бишкек мемонад, то шахсан амниятро таъмин кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухиддин

  • 10 октябр 2017 09:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Оли, мо тамоми мардуми точик аз мусибати Шумо дар гаму андухем. Худованд ба бахти ин миллат сари Шумо дард накунад. Мо хама бародару додарони Шумоем!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!