Бахшҳо

Ҳавопаймоҳои "тилоӣ"-и Тоҷикистон

Чаро нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, ба таври мавсимӣ болову поён мераванд? Суолест, ки ҳеч посухи қонеъкунанда пайдо накардааст. Нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, хизматрасонии аэронавигатсия… ба таври мавсимӣ каму зиёд намешавад, аммо нархи билетҳо вобаста ба фаслҳои сол якбора 100 дарсад ва аз он ҳам бештар гарон мешавад ва гоҳҳо ҳам ба ҳолати пешазмавсимӣ поён меояд. Инро мешавад худсарии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон номид, на чизи дигар.

МУҲОҶИРОН БАРОИ "ЛЕТЧИКҲО" КОР МЕКУНАНД?!

Абубакр, як ҷавони тоҷик, ки наздики 15 сол собиқаи муҳоҷирӣ дорад, тақрибан ҳар сол ибтидои баҳор ба Русия меравад ва миёнаҳо ё охири тирамоҳ ба Тоҷикистон бармегардад. Ҳамроҳи вай 2 бародар ва падараш низ муҳоҷир ҳастанд. “Агар маблағи умумии билетҳои чаҳор нафари моро ҷамъ кунем, аз як самт қариб 1500-1700 доллар мешавад. Аз бозгашт низ тақрибан ҳамин миқдор. Бештар аз 3 ҳазор доллар сарфи билетпулӣ”,-мегӯяд Абубакр. Ба гуфтаи ин муҳоҷир, вай ҳамеша пасту баландшавии билетҳоро дар самти Душанбе-Москва ва Москва-Душанбе назорат ё мониторинг мекунад. (Зимнан, ширкатҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" чунин мониторингро расман роҳандозӣ накардаанд, муаллиф). “Танҳо дар охири моҳи декабр аз Тоҷикистон ба Русия билетҳо то 700-800 сомонӣ мешаванд. Ин ҳам дер давом намекунад. Ҳамагӣ 10-15 рӯз ин нарх боқӣ мемонад ва оҳиста-оҳиста боло меравад, дар авҷи мавсими муҳоҷират бо қурби доллар то ба 500 мерасад. Аз самти Русия ҳам танҳо тобистон моҳҳои июн-июл 9-11 ҳазор рубл (муодили 1200-1500 сомонӣ) мешавад ва боз боло меравад”,-меафзояд Абубакр.

Вай низ ба ин суол 15 сол инҷониб посух пайдо карда наметавонад, ки чаро ҳар дафъа вақти рафту баргаштанаш билетҳо гарон мешаванд. Дар ҳамин ҳол, танҳо баҳору тирамоҳ нест, ки билетҳои дар ин масир гарон шаванд. Ба навиштаи расонаҳо, моҳи июни соли ҷорӣ, ки маъмулан аз Русия ба Тоҷикистон билетҳо нисбатан арзонтар фурӯхта мешаванд, имсол ғайри чашмдошт, боло рафт. Хабаргузории "Азия плюс" менависад, дар остонаи иди Рамазон, ки бархе аз муҳоҷирон барои таҷлили он ба Тоҷикистон баргаштанд, билетҳо аз Русия ба кишвар боло рафт. (Манбаъ: “Туҳфа” ба ид. Қиматшавии билетҳои ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20170605/tufa-ba-id-imatshavii-biletoi-avopaimo-az-rusiya-ba-toikiston)

“ТОҶИК ЭЙР” - МО ДАР БОРАИ ФОИДА ФИКР НАМЕКУНЕМ

"Тоҷик Эйр" - яке аз ду ширкати ватании Тоҷикистон аст, ки ба Русия мусофир мебарад ва аз он ҷо мусофир меорад. Дақиқтараш, муҳоҷир мебараду муҳоҷир меорад. Акбар Шарипов, мудири молиявӣ ва сармуҳосиби ширкати мазкур дар як мусоҳибаи ихтисосӣ харҷи омодагӣ ва рафту омади як ҳавопайморо аз Душанбе ба шаҳри Москваи Русия номбар кард. Ба гуфтаи вай, дар дохили арзиши чиптаи "Тоҷик Эйр" харҷҳои зерин шомил мешаванд: аз 30 то 35 фоиз хароҷоти сӯзишворӣ барои иҷрои хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, 27 дарсад арзиши холиси парвоз - иҷораи ҳавопаймо, хароҷоти таъмини бехатарии парвозҳо, музди меҳнати ҳайати ҳавонавардӣ - командири экипаж, меҳмондорони ҳавопаймо (стюардесаҳо), хароҷоти бимаи мусофирону ҳавопаймо ва ҳам шахси севум (ҳавопаймо ба ҳар куҷое, ки парвоз кунад, хонаҳо ва дигар биноҳои хати парвоз бима мешаванд), зиёда аз 12 фоиз харҷи аэронавигатсия - аз Душанбе то Москва, 11 фоиз хизматрасонии фурудгоҳи Домодедовои Москва, 10 фоиз фурудгоҳи Душанбе, 7 дарсади дигар харҷи ғизо. "Мо фоида намебинем. Якуним соли охир мо дигар дар бораи даромад ҳатто фикр намекунем. Фақат барои ғарқ нашудан кушиш дорем",-мегӯяд Акбар Шарипов.

Ин масъули ширкати "Тоҷик Эйр" ошкоро гуфт: "Дар мавсиме, ки аз ин тараф (Тоҷикистон) мусофир зиёд аст, нархро мебардорем ва дар мавсиме, ки аз он тараф (Русия) мусофир нест, кам мекунем. Ҳавопайморо бинед, ҳамин рӯзҳо (моҳи майи соли 2017, муаллиф) аз Москва қариб ки холӣ мебиёяд. Агар аз он тараф ҳам мусофир зиёд бошад мо нархро намебардорем, мо ҳам виҷдон дорем".

Акбар Шарипов мегӯяд, ширкат маҷбур аст, ҷуброни курсиҳои холиро аз ҳисоби қиматтар фурухтани чиптаҳо рӯёнад. Аз ин масъули ширкати "Тоҷик Эйр" пурсидем, ки оё ширкат дар самтҳои дигари парвоз ҳам ба таври мавсимӣ нархро боло мебарад? Вай гуфт, "нархи билетҳои самти Ҳиндустону Эрон (ки "Тоҷик Эйр" ба ҷуз аз ду кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистону Қирғизистон, ба ин давлатҳо парвоз дорад, муаллиф), муътадил аст. Зеро, ҳавопаймо ҳамеша 60-70 фоиз пур рафта меояд. Аз ин рӯ, билети ин самтҳо муътадил боқӣ мемонад. Агар мо бардорем, мусофирон транзит мераванд. Мо онҳоро аз даст медиҳем".

Ин посух маънои онро дорад, ки "Тоҷик Эйр" танҳо дар самти парвозҳои Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон нархи билетҳоро ба таври мавсимӣ болову поён мебарад.

"СОМОН ЭЙР" - НИЗ ДАР БОРАИ ФОИДА ФИКР НАМЕКУНАД

Абдулқосим Валиев, мудири тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар посух ба суоли ин ки чаро ба таври мавсимӣ арзиши билетҳои самти шаҳрҳои Русия гарон мешаванд, гуфт: "Маъмулан дар давраи зиёд шудани шумораи мусофирон ба як самт, чун қоида коҳиш ёфтани шумораи мусофирон дар самти бозгашт ба назар мерасад ва сарбории як самт ба арзиши интиқоли авиатсионӣ таъсир мерасонад".

Ҷаноби Валиев низ таъкид мекунад, ки ширкати онҳо дар бораи даромад гирифтан намеандешанд: "Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бар зарари худ кор мекунанд, чунки қобилияти харидории чиптаҳо дар фазои пасошўравӣ коҳиш ёфта истодааст. Ширкати ҳавопаймоии мо ба даст овардани фоидаро ҳамчун мақсад муҳим намеҳисобад ва бо назардошти ҳамаи хароҷот ва дар бисёр ҳолат бе дарназардошти даромад ба тарофаҳо такя мекунад".

Посухи расмии ду ширкати ватанӣ дар бораи он ки чаро ба таври мавсимӣ нархҳоро болову поён мекунанд, ҳамин буд. Чаро танҳо аз ду ширкати ватанӣ дар ин бора пурсида шуд? Шояд хонанда суол мегузорад, ки ширкатҳои Русия низ ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, эҳтимол, онҳо дар болову пойин рафтани арзиши билетҳо даст дошта бошанд?! Ба ҳеч ваҷҳ! Зеро, вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 31 июли соли 2017 тасдиқ кард, ки муайянкунандаи нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва аз Русия ба Тоҷикистон ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳастанд, на русӣ. Вале дар ин бора муфассалтар дар поён зикр хоҳад шуд.

ҲАВОПАЙМОҲО МУҲОҶИР МЕБАРАНД Ё МУСОФИР?

Абубакр - муҳоҷире, ки таҷрибаҳои рафту омадашро тариқи ҳавопаймо ба Русия нақл кард, мегӯяд, он маблағе, ки чаҳор муҳоҷири хонавода барои харидани билет сарф мекунанд, метавонад оилаи онҳоро давоми сол таъмин кунад. "Вале аз сабаби он ки ҳамин пулро мо қарз мегирем, маҷбурем Русия рафта кор карда, аввал қарзро диҳем, пули баргаштанро кор кунем ва як миқдори дигар барои рӯзгузаронӣ кор карда, ба хона баргардем. Ба ҳисоби миёна ҳамон 1500 доллар аз як самт ва 1500 доллари дигар аз баргашт, ки дар ҷамъ 3000 доллар мешавад, барои харҷи яксолаи оилаи мо кофӣ аст",-нақл мекунад Абубакр. Ин хонаводаи муҳоҷир барои пайдо кардани 3000 доллари масрафи яксола нахуст ҳамин миқдор пулро қарз ва сарфи ширкатҳои ҳавопаймоӣ мекунад.

Вақти ҷамъоварии иттилоъ аз як масъули ширкати "Сомон Эйр", ки нахост номаш зикр шавад, пурсидам, чаро маҳз дар самте, ки муҳоҷирон - қишри осебпазири ҷомеа - парвоз мекунанд, бенизомии пасту баландшавии билетҳо сурат мегирад? Масъул гуфт, барои ширкати ҳавопаймоӣ мафҳуми муҳоҷир ва ғайри муҳоҷир бегона аст, ҳама мусофир ҳастанд. Ва ҳам Акбар Шарипов, масъули ширкати "Тоҷик Эйр" гуфт, аз ин ки ҳавопаймо аз як самт пур ва аз самти дигар нимахолӣ меояд, хароҷоташ кам намешавад.

Бархе аз ҳамсуҳбатони мо гаронии нархи билетҳоро ба қимат будани арзиши авиакеросин рабт медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2011 арзиши як тона авиакеросин ба 1700 доллар расида буд. (Афзоиши қимати маводи сӯхти ҳавопаймоҳо https://www.ozodi.org/a/24182660.html)
Дар соли 2013 якбора ба 1900 доллар боло рафт. Гузориш аз Радиои Озодӣ дар бораи 1900 доллар будани авиакеросин: (Чиптаҳои гарон-мушкили умдаи авиатсияи граждании Тоҷикистон https://www.ozodi.org/a/the-problems-of-tajik-civil-aviation/25193127.html)

Ҳавопаймоҳои "тилоӣ"-и ТоҷикистонЗамоне ки дар Тоҷикистон ҳар тонна авиакеросинро 1900 доллар мефурӯхтанд, дар Қирғизистон ҳамин навъи сӯзишворӣ 1140 доллар ва дар Қазоқистон 1393 доллар арзиш дошт. Ба навишати расонаҳо, дар оғози мавсими муҳоҷирати соли 2013, ки қимати 100 доллари ИМА ба тақрибан 500 сомонӣ баробар буд, билетҳои ҳавопаймоҳо якбора ба 550 доллар расид. Ин дар ҳоле буд, ки аз фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба шаҳри Москва бо 210 доллар мешуд парвоз кард. Иқтибос аз Радиои Озодӣ: " ...Парвоз аз фурудгоҳи Манас ба Маскав 210 доллар қимат дорад, аммо барои парвоз аз Хуҷанд то Маскав мусофир бояд 462 доллар пардозад". Гузориши "Фурудгоҳи Бодканд рақиби ширкатҳои “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр”?" аз моҳи октябри соли 2013. (https://www.ozodi.org/a/bodkant-aireport-had-concurent-to-tajik-company-/25127402.html)

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як тонна авиакеросин аз сӯи "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" 1120 доллар фурӯхта мешавад. Агентии зиддимонополии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи июли соли ҷорӣ хабар дод, ки дар соли 2016 арзиши авиакеросинро аз 1700 доллар то ба 1120 доллар пойин оварданд. Аммо қимати билетҳо ҳамоно коҳиш наёфт. Барои мисол дар мавсими муҳоҷирати соли 2017 билети самти парвози Душанбе-Москва то ба 3500 сомонӣ (баробар ба 400 доллар) расид.

Барои намуна, ҳамин шабу рӯз билети Бишкек-Москва 11 130 рубл (муодили тақрибан 1636 сомонӣ) ва билети Душанбе-Москва 18 360 рубл (тақрибан 2698 сомонӣ) арзиш дорад. (скрин). Дар ҳамин ҳол, тӯли парвози Бишкек-Москва 4 соату 30 дақиқа ва парвози Душанбе-Москва 4 соату 40 дақиқаро дар бар мегирад.

МАНБАЪ: 200 ДОЛЛАР ХАРОҶОТИ ДУШАНБЕ-МОСКВАРО МЕПӮШОНАД

Як манбаи огоҳ аз фаъолияти мусофиркашонӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ҷузъиёти дигарро дар ихтиёри мо гузошт. Ба гуфтаи ин манбаъ, барои парвози як ҳавопаймо дар самти Душанбе-Москва-Душанбе, бе дарназардошти даромаднокӣ, то 80 ҳазор доллар лозим аст. Манбаъ мегӯяд, бо назардошти 100 дарсади бандкунии курсиҳо, яъне сад дар сад пур будани ҳавопаймо бо мусофирон аз ду самт, агар нархи билет дар самти Душанбе-Москва 200 доллар ва аз он тараф низ 200 доллар гузошта шавад, ҳамаи хароҷотро мепӯшонад. 200 курсии ҳавопаймо × 200 доллар = $40 ҳазор дар як самт ва аз баргашт низ ҳамин ҳисоб. Бо назардошти то 15 дарсад даромаднокӣ, арзиши билет дар самти мазкур ба ҳисоби миёна набояд аз 230 доллар бештарро ташкил диҳад. Аммо воқеъият чист? Ба навиштаи нашрияи "СССР", дар охири моҳи июли соли ҷорӣ нархи билети самти Душанбе-Москва то ба 4800 сомонӣ - муодили тақрибан 550 доллар (!) расида буд.

Вале ҳам вазорати нақлиёт ва ҳам агентии зиддимонополӣ аз мавқеи ширкатҳо барои боло бурдани арзиши билетҳо ба таври мавсимӣ ҳимоят мекунанд. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода дар нишасти матбуотии 31 июл тасдиқ кард, ки ҷониби Тоҷикистон масъалаи паст накардани нархи билетҳоро бо ҷониби Русия баррасӣ кардааст. Яъне, Тоҷикистон намегузорад, ки ширкатҳои русӣ нархи билети самти Тоҷикистон Русияро нисбат ба ширкатҳои тоҷикӣ арзонтар кунанд. Аз ин посухи муовини вазир чунин бардошт карда мешавад, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ муайянкунандаи арзиши парвоз ба самти Русия ва аз Русия ба Тоҷикистон ҳастанд.

Ҷаноби Ганҷалзода дар нишасти матбуотии 31 июл гуфт: "Мо масъалаҳои гуногунро (бо Русия, муаллиф) баррасӣ мекардем: парвози ҳавопаймоҳои якхела, истифода накардани парвозҳои режими секунҷа, пас накардани нархҳои чиптаҳо ва ғайра. Ҳамаи ҳамин ҷамбаҳо дар гуфтушунидҳо баррасӣ шуд. Чаро баррасӣ шуд? Чунки 70 дарсади парвозҳои мо бо Русия амалӣ карда мешавад. Гуфтушунидҳои бисёр муташанниҷ доштем бо Русия. Муносибатҳои стратегӣ - ин маънои онро надорад, ки муносибатҳо бояд ки яктараф бошанд... Нархи чиптаҳо ҳақиқатан мавсимӣ боло меравад, анбуҳи мусофирон аз яктараф зиёд мешавад. Лекин мо кӯшиш карда истодаем, ки инро назорат кунем".

Ин тасдиқи расмӣ аст, ки маҳз ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди болову поин кардани билетҳо ба таври мавсимӣ аст. Далелаш низ ин ки аз як самт муҳоҷир, маъзарат, мусофир ҳаст ва аз самти дигар нест. Як манбаи мо аз ширкати "Сомон Эйр" гуфт, даромаде, ки аз ҳисоби парвозҳои Москваву Петербург ба даст меояд, харҷи парвозҳои "Франкфурт" мешавад. Аз вай пурсидам, ки агар парвози "Франкфурт" зараровар аст, чаро анҷом медиҳед, гуфт, имиҷи Тоҷикистонро баланд мебардорем...

Абубакр, қаҳрамони матлаби мо гуфт, бори охир ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад, хост тавассути шаҳри Ӯши Қирғизистон парвоз кунад ва аз он ҷо то Душанбе бо мошин ояд. “Ҳисобу китоб кардам, ҳамин маблағи парвози Москва-Душанбе баромад. Зиёдшавии мусофирон аз ҳисоби муҳоҷирони кории Тоҷикистон парвози Москва-Ӯшро ҳам гарон кардааст",-мегӯяд Абубакр.

Ёқуб ҲАЛИМОВ
Мӯҳр
тошболта
кадом одами вазминда доля метан:Чашми танги марди дунёустро,ё к,аноат пур кунад ё хоки гур...

САЛОМ. МО АГЕНТХОИ ШИРКАТОХОИ СОМОН ЭЙР ВА ТОЧИК ЭЙР ХОХИШ МЕКУНЕМ БАРОИ ШИРКАТХО ХАМЕША БАХС ШАВАД. ШОЯД КИ МО ШАВАДУ ФАХМОНЕМ ХАРДУ ШИРКАХОРО БАЪЗЕ МУТАХАСИТСОНИ ОИД БО НАРХ ГУЗОРИ ЧИПТАХО РАИСОНАШОНРО ДОЛЯ ДОДА ЧИХЕЛ КОР КАРДА ИСТОДААН. АНА БАРОИ ХАМИН НАРХИ БИЛЕТ ГАРОН МЕШАВАДУ ФОЙДА БА ДАСТ НАМИЁРАНД.ВАЛЕ НАРХ ГШУЗОРОН БОШАН ДА ЯК РУЗ ФОИДАИ 30то 35 ХАЗОР СОМОНИ БА ДАСТ МИЁРАНД.ВАХТЕ КОРГАРОН ИНХЕЛ ФОЙДА БА ДАСТ БИЁРАНД РОХБАРОНИ ХУДРО БАП ТАВРИ ТОЧИКИ ГРЕТ, КИ МЕКУНАНД АНА БАРОИ ХАМИН РОХБАРОН ДМГАР ПАРВОИ ФОЙДА БА ДАСТ ОВАРДАНИ ШИРКАТРО НАДОРАНД.

Ёқуб Ҳалимов
ТАХМИНА,
Салом, Тахмина.
Оё метавонед, дар бораи аз ҷониби баъзе мутахассисон боло бурдани нархи билетҳо маълумоти муфассалтар диҳед?
Муаллифи матлаб,
Ёқуб Ҳалимов

БА ЁКУБ. БАЛЕ МЕТАВОНАМ ХУБ МЕШУД АГАР ШИРКАТХОИ ТОЧИКЭЙР Ё -СОМОН ЭЙР УМУМАН ЯГОН ПОЧТА БАРОИ МЕДОШТА МО БИЛЕТХОИ. КИ ТО 800-900 СОМОН АРЗОН МЕДИХАНД КОРГАРОШОН НОМЕРИ БИЛЕТХОРО МО МЕПАРТОФТЕМ ДА ОН ВАХТ ХАМА СИСТЕМ ЯК МЕШУД БА МОНАДИ ШИРКТХОИ РУСИ БАЪДАН ШИРКАТЪОИ МО ПЕШРАТ МЕКАРДАН. ВАЛЕ АФСУЗ КИ НЕСТ.БА НАЗДИ РОХБАРОНИ ШИРКТХО РАФТАН БЕФОИДА АСТ . ЧУНКИ ДОЛЯ ГИРИТА МЕГУЯН КИ ИНХОРО МО ИЧОЗАТ ДОДАЕМ. БА КАДОМ АСОС РОХБАР МЕТАВОНАД ИЧОЗАТ ДИХАНД, КИ КОРГАРХО ЯК БИЛЕТ ТО 900 СОМОН АРЗОН ТИЯН КИ ВАХТЕ АЗ МУСОФМРОН КИМАТ МЕГИРАНД МАСАЛАН ЧИПТА 2000 СОМОНИ БОШАД ВАЁ 2900 МЕГИРАНД ФАКТ ДАЛЕЛ ДОРЕМ МО,

Ёқуб Ҳалимов
ТАХМИНА,
Метавонед бо мо тамос бигиред?
Рақамҳои телефони ман дар идораи "Озодагон" ҳаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)