Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 11:39

Аз заминҳое, ки давлат молиёт меситонад, ушр дода мешавад ё не?

11 октябр 2017, 09:47

Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли як корбари сомонаи марказ дар мавриди додани ушр аз заминҳое, ки молиёт пардохт мешавад, посух додааст.

Ин корбар, ки худро Шараф гуфтааст, мепурсад, “оё аз заминҳое, ки барои кишти зироатҳои кишоварзӣ истифода мешаванд ва аз ҷониби давлат андозбандӣ шудаанд, ушр дода мешавад ё на?”

Дар посух ба ин савол Маркази исломии Тоҷикистон ба асари “Мухтасарул-виқоя” муроҷиат кардааст: “Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) дар ҳар зироате, ки аз замин мерӯяд, ушр (аз даҳ як ҳисса) воҷиб аст. Агар дар парвариши он зироат машаққат ва хароҷот бештар бошад, дар ин сурат нисфи ушр (аз бист як ҳисса) воҷиб мешавад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 11 октябр 2017 10:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ушрбози сар шид
Посух додан
  • ali

  • 11 октябр 2017 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавоб конеькунанда не,нафахмидем дода мешавад е.не?
Посух додан
  • Юрист

  • 11 октябр 2017 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин масъалаи ҳуқуқист ва ба фиқ ягон рабте надорад.
Ушр ин ҳамон "налог" дар шариат аст.
Аз баски давлати мо давлати исломӣ нест ва қонунҳои мо ҳам шариат нестанд, Шӯрои уламо ҲЕҶ ҲАҚ НАДОРАД ИН ТАВР ПОСУХ ГӮЯД. Чунки ин кори Шӯрои уламо машруият ва воҷибияти қонунгузории Тоҷикистонро зери суол мебарад, яъне алакай нописандӣ ва инкор кардани системаи ҳуқуқии давлати Тоҷикистон аст.
Посух додан
  • мусулмон

  • 11 октябр 2017 12:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ушр-аш чист? Ин калиами точики аст, агар не, ба точики чи мешавад ё чиро дар назар доред?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
........
АГАР АЗ ЗАМИНАТ УШР ВОҶИБ БУДУ, " МАСЪАЛАИ ҲУҚУҚИЯЙ, БА ФИҚҲ ҲИҶ РАБТ НАДОРА" ГУФТА БАҲОНА КАРДӢ, РӮЗИ ҚИЁМАТ МЕБИНӢ ЧӢ ХЕЛ МАЛОИКАҲОИ ИЛОҲӢ УН УШРА ЧӢ ХЕЛ АЗ ТУ МЕГИРАН...
Посух додан
  • Одамдуст

  • 11 октябр 2017 15:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баба хасти бобо хасти камтар реаливу замини шав моделхои бехтар аз ин ушри ту дар чахони кадим хам дар дунёи имруз хам хаст ки натичахои бехтар дода истодааст аз осмони хафтум поинтар назди одамизод биё кишвар- кишвари дунявист ва вобаста ба он сиёсатгузори мешавад..
Посух додан
  • ali

  • 11 октябр 2017 15:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юрист,
Ин хел бошад давлат хак надорад ба озодихои диниамон дахолат кунад,аз синни чан масчидрави аз синни чанд хачрави набояд амр кунад,ха ва боз мардумро набояд давлат ташвикот ба хайру эхсон кунад ,
Посух додан
  • Закӣ

  • 11 октябр 2017 21:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юрист,
Муҳтараим ЮриЙст!
Вақте сухан дар бораи ушр меравад масъала ҳатман фиқҳӣ мешавад ва ба шариати Ислом рабт мегирад. Ҳатман! Чунки сухан дар бораи мафҳуми шаръӣ меравад ва ба он танҳо шариат ҷавоб гуфта метавонад. Агар масъала ҳуқуқӣ бошад, яъне ба фаҳмиши Шумо низоми ҳуқуқии давлати мо, пас истилоҳи ушрро дар асоси ягон қонун, кодекс ва ғайра шарҳ диҳед. Дигар ин ки ушр ин "налог" нест! Налог-андоз ин пардохти ҳатмиест, ки ба ДАВЛАТ пардохта мешавад. Аммо ушр на ба давлат, балки ба халқ дода мешавад. Андоз дар шакли пулӣ аст ва ушр бошад дар шакли мол. Андоз на факат аз фоида, балки аз истифодабарӣ ва ғайра низ дода мешавад, вале ушр танҳо аз даромади кишоварзӣ дода мешавад. Ва охирон ин ки агар Шурои уламо ягона ниҳоди содиркунандаи фатво ҳаққи сухан гуфтан оиди масъалаи сирфан шаръиро надошта бошад пас дар Тоҷикистон оиди масоили динӣ кӣ бояд сухан бигуяд? Мардум аз кӣ бипурсад? Аз ту барин юриЙстҳои харсавод?
Посух додан
  • Собир

  • 12 октябр 2017 08:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ин мусулмонони мо ушру закот фидя ва боз ким-чихои дигар ба ягон бечора ва мухточ медоданд, дар Точикистон камбагал намемонд. Аз барои Худо миллион доранд, вале як сомонй хайр намекунанд. Дар он дунё чи посух медода бошанд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!