Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:12

Р.Эмомалӣ бозори “Шоҳмансур”-ро баст: Фурӯшандаҳо бо ҷои нав таъмин шаванд

11 октябр 2017, 14:33

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз, 11-уми октябр бо имзои як қарор фаъолияти “Бозори Шоҳмансур”-и пойтахтро қатъ кардааст.

Тибқи иттилои сомонаи шаҳрдорӣ, қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

Рустами Эмомалӣ ба Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Шоҳмансур” дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кутоҳтарин барои боз доштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур чора андешанд.

Шаҳрдори Душанбе масъулинро муваззаф кардааст, ки фурӯшандаҳоро барои идомаи соҳибкорӣ дар дигар нуқтаҳои савдо бо ҷои муносиб таъмин намоянд.

Тибқи қарор ҳамакнун Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Шоҳмансур” аз рӯйхати бозорҳои пойтахт хориҷ карда хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • савдо

  • 12 октябр 2017 09:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсус ки, қарори мазкур сафи бекоронро бехад зиёд кард.
Посух додан
  • Пурдил

  • 12 октябр 2017 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холо чойи ин бечорахо хатто муаян карда нашуда бозорро бастанд! Ва акнун супориш медиханд, ки ба чой таъмин карда шаванд! О аввал мардума чой карда баъд бозора бастан даркор рафик вазифадорони серу пури кишвар!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!