Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:09

Боздошти як корманди “Бонки Эсхата”: 27000 сомониро “ба манфиати шахсиаш” сарф кардааст

11 октябр 2017, 15:01

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як корманди филиали “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанберо боздошт кардааст.

Ба иттилои торнамои расмии ВКД, дастгиршуда 27 сол дошта, ба ҳайси нозири маркази хизматрасонӣ кор мекардааст: “Муайян карда шуд, ки номбурда, дар давраи фаъолияти кориаш санаи 16 сентябри соли 2017, аз хазинаи филиали бонк 27000 сомониро гирифта азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.

Манбаъ меафзояд, оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаблан, Додситонии кулли Тоҷикистон аз эълони ҳукми панҷ корманди филиали “Тоҷпромбонк” дар Шаҳринав хабар дод. Бар пояи иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, директори филиал Қурбонов С.Н. сармуҳосиб Тешаева С.Б., хазинадор Ғафуров И.С. коршиносони калони қарзии бонк Сафаров Х.Н. ва Ҳодиев Ф.Ҷ. аз соли 2013 то моҳи феврали 2016 бо маслиҳати пешакӣ пасандоз, маснуоти тилловорӣ ва маблағҳои пешпардохти мизоҷонро аз худ намудаанд. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ин афрод ба “Тоҷпромбонк” дар ҳаҷми 188.000 доллар, 95.182 сомонӣ ва 278.738 рубли русӣ зарар расонидаанд. Бо қарори додгоҳ, Қурбонов 16 сол, Ғафуров И.С. 12, Ҳодиев Ф.Ҷ., Сафаров Ҳ.Н. 9 солӣ ва Тешаева С.Б. 8 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!