Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни як амалиёти тафтишотӣ-санҷишии мақомоти интизомӣ дар ҷангалзори деҳаи Шури ҷамоати Чилдара 1 адад силоҳи оташфишони тамғаи «АК» таҳти рақами 80223332, соли бароришаш 1992, 2 дона норинҷаки дастии навъи РГД-5, 25 дона тири мусалсал, қутраш 7,62-мм, 20 дона тири силоҳи худкори қутраш 5,45-мм дарёфт гардид.
Бино ба қавли манбаъ ҳамчунин аз ин мавзеъ, 1 адад воситаи мухобироти кайҳонии «Моторола-ОР338», 2-адад детонатор (маводи мунфаҷира), 17 метр ноқили бавуҷудовардани таркиш, 3 дона тирдони автомат, 1 дона халта барои лавозимоти ҷангӣ (подсумка) низ ошкору мусодира шудааст.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |