Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:08

Бердимуҳаммадов ба Путин дар зодрӯзаш саги "Содиқ"-ро тӯҳфа кард

12 октябр 2017, 12:06

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Сочӣ қарор дорад, ба ҳамтои руси худ Владимир Путин бахшида ба рӯзи зодрӯзаш саги навъи алопар ё алабайро бо лақаби "Содиқ" тӯҳфа кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Кремл, Бердимуҳаммадов президенти Русияро бо 65-умин солгарди зодрӯзаш табрик гуфта, сагеро, ки аз Туркманистон бо худ бурда буд, тӯҳфа намудааст.

"Чанде пеш шумо рӯзи хубе, рӯзи фариштаро доштед ва бинобар ин аз самими қалб онро бароятон табрик мегӯям. Пеш аз ҳама барои шумо сиҳатии комил, комёбӣ ва тамоми хӯшиҳоро таманно дорем", - изҳор дошт президенти Туркманистон.

"Медонам, ки шумо дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, на танҳо барои кишвари худ, балки барои ҷаҳон корҳи бисёреро анҷом медиҳед. Имрӯз бо худ саги алабайеро аз Туркманистон овардаам, ки Содиқ ном дорад. Фикр мекунам, дар шумо ҳам ин ном маъруф аст. Вақте мо бозиҳои осиёиро баргузор мекардем, рамзи асосии онҳо низ саги алабай буд", - афзуд Бердимуҳаммадов.

Дар наворҳо дида мешавад, чи гуна Бердимуҳаммадов ба яке аз аъзои ҳайаташ мегӯяд, ки "саг дар куҷо аст? биёр онро" ва сагро аз пушти гарданаш боло мебардорад. Путин низ нороҳатии сагро ҳис карда, онро аз дасти ҳамтои туркманаш мегирад.

Бердимуҳаммадов барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз, 12 октябр баргузор мешавад, ба шаҳри Сочии Русия сафар кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ааа

  • 12 октябр 2017 13:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сагро ба Чаноби Путин хадя кардааст ё Чаноби Путинро ба саг.... бисёр чолиб
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кучук "Содик" не, балки "Вафодор" ном дорад. Мисли урусхо ба кучукхо низ номи инсони надихед, Озодагон. Урусхо ба сагхо Мухтар, Рафик ном мемонданд. Мо ин тавр накунем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!