Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:47

Шӯрои уламо паҳнсозии акси мурдаҳоро дар интернет нодуруст хонд

13 октябр 2017, 11:18

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бознашр ва паҳни акси афроди вафоткардаро дар интернет номақбул хондааст.

Тибқи иттилои сомонаи Шӯрои уламо "аз нигоҳи дини Ислом сурат гирифтан ё нигоҳ доштани сурат макрӯҳ аст, зеро ташбеҳ ба бутпарастон мешавад".

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки мурдагон ниёз ба дуо доранд, на ба гардондани расмҳояшон: “Агар хоҳед, ки мурдагон аз шумо хурсанд шаванд, арвоҳашонро бо дуо ва тиловати Қуръон шод гардонед”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абубакр

  • 13 октябр 2017 11:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз як сухани бемантику бемаьно.Агар суратгунох бошад чаро бахри ташвики сиесатдар давлатхои мусалмони сурати шайху пешвоени мазхабхоро реклама мекунанд? Ое бахри сиесат зарур асту барои едгори мумкин нест? Хар афсонаро ба ислом вобаст накунед.Ин афсонагуии шумоен буд,ки бар пешравии илм теша задед.Имруз хар мардум ба афсонаи шумо эхтиеч надорад.
Посух додан
  • sino

  • 13 октябр 2017 14:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЯГОНХЕЛ ТАШБЕХ БА БУТПАРАСТИ НАМЕШАВАД !
Расули Аллох, Мухаммад алайхиссалом фармудааст: ИНАЛ АЪМОЛАНО БИ НИЁТИНО! ЯЪНЕ ТАМОМИ АМАЛИ БАНДА БА НИЯТАШ ВОБАСТАГИ ДОРАД.
Киромал котибин яъне малоикахое, ки дар китфи росту чапи банда карор доранд, корхои гунох ёки савобро аз руи амал неву балки аз руи нияти инсон менависанд, ки ба кадом ният ин ваё он амалро анчом дода бошад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шурои уламо дар кадом китоби дини мафхуми Интернетро дарефтааст? Во ачабо!
Посух додан
  • Озодӣ

  • 14 октябр 2017 21:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз мурда танҳо хотира мемонад. Дар асри 21 қиссаҳои ибтидоӣ дар бораи сурату бутпарастӣ ба ки лозим? Телевизион, скайп, телефонҳо ҳама сурат доранд ва мардум аз онҳо истифода мебаранд. Татбиқ кардани қонунҳои асри 7 дар асри 21 кори беҳуда аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!