Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:40

Собиқ беҳтарин футболбози ҷаҳон Президенти кишвараш шуд

13 октябр 2017, 12:03

Ҷорҷ Веа, беҳтарин бозигари ҷаҳон ва барандаи туби тиллоӣ дар соли 1995 президенти Либерия интихоб шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон Ҷорҷ Веа дар ин симмат Элен Ҷонсон-Серлиф, дорандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2011-ро иваз намуд,ки ду давра шашсолӣ президент интихоб гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, дар интихоботи президентӣ Веа аз рақиби асосии худ ноиби собиқ президенти Либерия Ҷозеф Бока аз “Ҳизби ягонагӣ” пеш гузашт.
Собиқ футболбози беҳтарини ҷаҳон қаблан низ дар интихоботи соли 2005-и Либерия ширкат карда, 40%-и овозҳоро ба даст овард, аммо ба пирӯзӣ даст наёфт.
Ҷорҷ Веа аз соли 1985 то 2003 дар майдони футбол ҳамчун ҳамлавар ва яке аз беҳтарин бозигарони африқоӣ дар бошгоҳҳои машҳури ҷаҳон аз қабили “Монако”, “ПСЖ”, “Милан”, “Челси”, “Манчестер Сити” ва “Марсел” ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ соли 1995 беҳтарин футболбози ҷаҳон ва 3 маротиба беҳтарин футболбози Африқо эътироф шуда, аз соли 2003 баъди анҷоми бозии касбӣ дар футбол ба сиёсат гузаштааст. Интихоботи президентӣ дар Либерия сешанбеи 10 октябр доир гашта натиҷаҳои ниҳоии он 12 октябр эълон шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!