Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:39

Мулоқоти раиси ВМКБ бо соҳибкорон: Аз фиреби ҳукумат то мардум

13 октябр 2017, 15:30

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бархе соҳибкорон ҳукуматро фиреб медиҳанд.

Тибқи иттилоияи расмӣ Шодихон Ҷамшед дар арафаи Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14-уми октябр таҷлил мегардад, бо намояндагони ин қишри ҷомеа мулоқот доштааст. Ӯ гуфтааст, баъзе соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани маблағ ба ҳукумат лоиҳаҳо пешниҳод намуда, кумакҳои бебозгаштро мегиранд, аммо баъди тамом шудани маблағ худро муфлис эълон мекунанд.

Ба гуфтаи раис афроде, ки бо ин роҳ мехоҳанд вориди соҳаи соҳибкорӣ шаванд, ҳеҷ гоҳ дар корашон муваффақ намешаванд, зеро тиҷорату соҳибкорӣ аз ҳар нафар амалу нияти покро тақозо мекунад.

Шодихон Ҷамшед афзудааст, ҳарчанд ҳукумат барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар кардааст, соҳибкорон ҳанӯз ҳам ба хариду фурӯши молу коло ё сохтмони марказҳои хизматрасонӣ машғул мебошанд: “Ягон соҳибкор як корхонаи хурди истеҳсолӣ ҳам бунёд накардааст. Тиҷорат хуб аст, аммо он ба рушди соҳаи иқтисодӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва ғанисозии буҷаи маҳаллӣ мусоидати кам мекунад”.

Раиси вилоят дар хитоб ба соҳибкорон гуфтааст, агар тоҷирону соҳибкорон бо нияти нек ба касби тиҷорат даст зананд, аз фиреби мизоҷону муштариён худдорӣ варзида, андози давлатро сари вақт пардохт кунанд, ҳам миёни мардум соҳибобрӯ мешаванд ва ҳам рӯзгори хонаводаи худро бидуни мушкил саришта мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ ба ҳолати 1-уми октябр дар ВМКБ 1931 нафар тавассути патент ба соҳибкорӣ машғул буда, аз ҳисоби фаъолияти онҳо дар нуҳ моҳ ба буҷа як миллиону 243 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Аз тариқи шаҳодатнома 920 нафар соҳибкор фаъолият доранд, ки то ин муддат ба буҷаи вилоят як миллиону 752 ҳазор сомонӣ маблағи андоз пардохт кардаанд. Ҳамчунин то имрӯз дар ҳудуди вилоят 505 адад корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ сабти ном шудаанд, вале баъди санҷиш маълум гардид, ки 309 ададашон фаъолият намекунанд.

Дар навбати худ соҳибкорон барои рушди соҳибкорӣ аз раиси ВМКБ хоҳиш намудаанд, ки барои ҷудо кардани қитъаи замин,, зиёд кардани муҳлати қарзҳои бонкӣ ва паст намудани фоизи онҳо, инчунин кам кардани пардохтҳои гумрукӣ кумаки бевоситаи худро расонад. Зимни мулоқот иштирокдорон қарор кардаанд, ки дар назди раиси вилоят Шӯрои соҳибкорон таъсис дода шавад ва аъзои он минбаъд моҳе як маротиба ҷамъ омада, оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ мубодилаи афкор намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!