Бахшҳо
13 окт 2017 16:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷузъиёти тирпаронии корманди ҳукумати Хоруғ сӯи наздиконаш барои мерос

Вазорати умури дохили Тоҷикистон тирпарронии маргбори 6 октябр дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнонро шарҳ дод.

Тибқи гузориши ВКД бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят Некрӯз Ниятбекови 25- сола сокини шаҳри Хоруғ, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарики ӯ Восеъ Агибзодаи 19-сола, сокини ноҳияи Дарвоз, донишҷӯйи соли сеюми факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ боздошт гаштаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбарон бо ғарази шахсӣ рӯзи 6 октябр бо таппончаи Макаров, норинҷаки дастӣ, корд ва ниқоб дар ҳолати мастӣ ба хонаводаи Назридодов Алидод, корманди филиали “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Шуғнон ҳамла кардаанд: “Ҳамлагарон бо истифода аз таппонча Оламгул Девлоховаи 57-сола ва Ниятбеков Амирҷони 13-соларо паррондаанд, ки дар натиҷа аввалӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Амирҷони 13-сола низ, ки аз сӯи Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ ҷарроҳӣ шуд, баъди чанд рӯз дар беморхона ҷон дод.

Манбаъ афзуд, ҳамлагарон бо ин қаноат накарда бо корд бародару хоҳар Мубориз ва Муқаддас Назридодовҳоро захмӣ кардаанд.

Некрӯз Ниятбеков дар навори бозпурсӣ мегӯяд, бо рафиқаш маст буданд ва ҳадафашон тарсонидани янга ва хешовандонаш будааст, зеро онҳо мехоҳанд тариқи суд хонаи истиқоматии ӯро гиранд. Ниятбеков мегӯяд, ба хона даромада, тарафи бошандагон ду маротиба тир холӣ кард ва ҳангоми муноқиша бо Назридодов Алидод ва Назридодов Мубориз норинҷакро истифода кард.

ВКД сабаби асосии рух додани ҷиноятро хусусмати оилавӣ ва баҳси манзил арзёбӣ кардааст: “Феълан нисбати боздоштшудагон аз ҷониби прокуратураи ВМКБ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)