Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:48

Ҳукми зиндони зане, ки бераҳмиҳояш сабаби худкушии писарандараш шудааст

14 октябр 2017, 11:11

Додгоҳи ноҳияи Ёвон Бунафша Султонова, як сокини ноҳияро барои бадрафторӣ нисбат ба писари ҳамсараш, ки билохира сабаби худовезии ӯ шудааст, 5 сол равонаи зиндон кардааст.

Бар асоси иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Султонова соли 2005 бо Муродов С.М. тариқӣ расму оинҳои диннӣ ба шавҳар баромада, давоми ҳамзистии якҷоя бо писари шавҳараш “муносибати бераҳмона намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ мекардааст: “Боз дар ин давом аз хӯрдани хурок ва пӯшидани либосҳояш ӯро маҳрум намуда, таъкид менамудааст, ки аз манзили истиқоматиашон баромада равад”.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа писарандари зан аз зиндагӣ дилмонда шуда, шаби 8 майи соли равон худро дар дарахти зардолуи ҳавлиашон овехтааст.

Нисбат ба Бунафша Султонова бо дастрасмии моддаи 109 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ахиран додгоҳ ҳукми панҷ соли ҳабсашро содир кардааст. Ин муҳлатро ӯ дар зиндони низомаш умумӣ пушти сар хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!