Бахшҳо

“Ҳанӯз дар қайду банди сиёҳу сафед, шимолию ҷанубӣ, ришдору бериш дармондаем”

Иззат АМОН

Чанд рӯз қабл бо даъвати яке аз марказҳои илмию таҳлилии Омӯзишҳои авруосиёӣ барои ширкат дар як нишасте бахшида ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва равандҳои сиёсию амниятӣ озими Амрико гаштам. Нишаст дар яке аз муътабартарин донишгоҳҳои дунё -- Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон доир гашт. Дар ин донишгоҳ, ки дар паҳнои ҳудуди 20 гектар замин ҷойгир гаштааст, бештар аз 10 000 донишҷӯ аз саросари дунё машғули таҳсилу омӯзишанд.

Зиёда аз 400 донишманду таҳлилгар аз тамоми гӯшаву канори дунё барои ширкат дар ин нишаст даъват шуда буданд. Масъулони марказ барои меҳмонони мусалмони ин нишаст шароити таҳорату иқомаи намоз ва низ хуроки бо забҳи ҳалолро таҳия карда буданд (бубинед, каромати инсониро). Чизе ки таваҷҷуҳи маро дар ин донишгоҳ бештар ба худ ҷалб намуд, пӯшиши донишҷӯдухтарони мусалмон буд, ки бидуни кадом мушкил дар тан либоси исломӣ ба дарс ҳозир мегаштанд. Бо чанде аз онҳо суҳбат карда, пурсидам, ки оё барои пӯшишашон аз ҷониби раҳбарияти донишгоҳ кадом монеъае эҷод шуда, дар ҳайрат монда мегуфтанд, магар ҳамчун коре дар ҷойе имкон дорад?

Дар тахтае ки исми донишҷӯёни мумтози донишгоҳ дар он навишта мешавад, акси донишҷӯдухтари узбактабор Нодира Ҳамроеваро дидам, ки бо пӯшиши исломӣ дар қатори акси дигар донишҷуёни мумтоз овезон буд. Нодираро тули 5 соли таҳсилаш дар донишгоҳ барои баҳои аъло ҳукумати Амрико ба стипендияи президентӣ сарфароз гардонидааст.

Воқеан бароям ғайриоддӣ буд, ки дар як донишгоҳе бо ин бузургӣ устодеро пайдо накардам, ки дар тан куртаву шалвор ва бо галстуку бо мошин ба дарс ҳозир гардад. Он ҳолате ки дар донишгоҳҳои мо роиҷ гашта аст. Бештари устодону донишҷӯён ба воситаи дучарха ба донишгоҳ меоянд. Яъне, арзишҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ҷомеъаҳои ғарбӣ ва хоссатан дар донишгоҳҳо касеро барои пӯшишаш баҳо намедиҳанд. Мағзу майна, идроку фаҳм ва сатҳи таҳсил дар ин ҷомеъаҳо арзиш дорад, на матоъи ба тан пӯшида. Дар ҷомеъаҳои шарқӣ ва хоссатан дар кишвари мо билфарзе беҳтарин устод ҳам ки бошад, агар куту шалвору галстук надошта бошаду каме ришаш расидагӣ бошад, иҷоза намедиҳанд аз дари донишгоҳ ворид гардад.

Ширкатҳои амрикоӣ ва низ ҳукумати Амрико барои баргузор намудани ин нишаст маблағи зиёде харҷ кардаанд, то мағзҳоро гирди худ ҷамъ оваранд. Дар ин рӯзҳо, ки медонем худи Амрико мушкили иқтисодӣ дорад, чӣ лозим буд харҷи ин ҳама маблағ барои доир намудани ҳамчунин нишаст? Миллатсозӣ ва кишварсозӣ корест басо мушкил ва муҳлатталаб. Ин раванд бештар ба файласуфон ва сиёсатшиносон маълум аст. Вақте дар кӯчаҳои кишварҳои ғарбӣ қадам мезанӣ хуб эҳсос менамоӣ ки ин миллатҳо ва кишварҳо танҳо дар асоси фикр бунёд ёфта, рушд намудаанд. Фикр ҳам замоне рушд менамояд, ки шароит барояш фароҳам бошад. Паямбари Ислом (дуруду раҳмати Худованд бар ӯ) ҳам дар як ҳадиси машҳур мефармоянд: “Тамоми амалҳо ба ниятанд...” (саҳеҳ Муслим). Яъне, аввал ният ё ҳамон фикр дар майна шакл мегираду баъд амалӣ мегардад. Агар шароити мусоид набошад, инсон на фикр карда метавонаду билфарзе агар фикр ҳам дошта бошад, онро амалӣ карда наметавонад.

Кишварҳои ғарбӣ, хоссатан Амрико ҳамчунин як шароити озоди фикрронӣ ва амалӣ гардонидани ҳамон фикрро ба сокинонашон муҳайё намудаанд. Агар дар натиҷаи фикр инсон тарҳеро дар зеҳни худ эҷод намуд ҳукумати Амрико тамоми шароитро барои соҳиби фикр муҳайё месозад, то ӯ битавонад тарҳи худашро амалӣ намояд. Ин стротежии Амрико (такя болои фикр) сабаб гашт, то ин кишвар абарқудраттарин кишвар дар дунё аз тамоми ҷиҳот гардад. Муҳити озоди фикрӣ мардонеро мисли Бил Гейтс, Марк Сукерберг, Стив Ҷобс ва ҳазорони дигарро тарбия намуда, ба ҷомеъа бахшидааст, ки будҷаи ширкатҳои аз ҷониби ин абармардон таъсисёфта чандин маротиба бештар аз будҷаи солонаи як қатор кишварҳост.

Арзишмандтарин чиз дар ҳоли ҳозир дар дунё фикр аст. Донишгоҳҳо солона садҳо ҳазор мутахассиси соҳаи сохтумону ҷарроҳию мошинсозию роҳсозӣ ва ғайраҳо хориҷ мекунанд. Аммо ҳамин донишгоҳҳо дар даҳсолаҳо имкони тарбия намудану хориҷ кардани як соҳибфикрро надоранд. Зеро барои ба воя расидани соҳибфикр ва мутафаккири масалан сатҳи ъаллома Икбол, ки дар донишгоҳҳои муътабари Урупо таҳсил дида аст, хеле заҳмат кашидан лозим меояд. Ҳамин аст, ки ҳукумати Амрико соҳибони фикрро дар ин кишвар ҷамъ намуда аст, то аз маҳсули тафаккури онҳо истифода бараду ҷомеъаро рушд диҳад.

Мутаассифона дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки каромати инсонӣ қадру қиммате надорад ва фикру тафаккуру соҳибфикр ҳам арзишу харидоре надорад, солона садҳо андешмандон аз кишвар кӯч мебанданд. Соҳибфикрон чун мебинанд ки дар кишвари худ арзишу харидоре надоранд, тарҳҳои худро берун аз хоки Тоҷикистон амалӣ гардонида истодаанд.

Ин мушкилӣ, яъне камбуди фикру тафаккур сабаб гашта, ки ҷомеъа дучори бунбаст гардад. Пас аз касби истиқлол чун фазо барои рушди фикр бо сабабҳои маълум мусоид набуд, мо натавонистем ҳатто як мутафаккири сатҳи шодравон Бобоҷон Ғафуровро ба ҷомеъаи башарӣ ҳадя намоем.

Ҳанӯз ҳам дар қайду банди сиёҳу сафед, шимолию ҷанубӣ, ришдору бериш дармондаем.
Мӯҳр
.......акаи Изатулло, арзу шикоят болои дида. Маркази бонуфузи Шумо чаро роххои халли ин муамморо баён намесозад?

чоркухи
ин Акаи Иззат Амон мағзи мутаффакир будасту мо бедарак. Худат ҳастӣ ку мағз чи хел тайёр накардааст миллат. Ҳайронам ки ба ғайри ғайбату сиёҳкунӣ аз дастат чӣ меомада бошад. Кофе брейка муфт мезанӣ ва чандсад доллара мегирӣ меоӣ.

ali
Сад дар сад ба муалиф розиям,хеч чиз иловахам карда наметавонам хамаи камбудихоямонро гуфтед.

Ватандор
Ин маводро ба Вазорати маорифи Точикистон ва кулли мансабдори галстукдор бифиристед, то бихонанду фикр кунанд.

рома
ту Амончон чи медони ки аз дохил чи гап хаст. ин хама чизеро ту диди показуха буд. сабаби хамаи хамин нооромихои дунё хамон амрикоихоян[hide][/hide]

Ховар
Сатрпуши дар Амрико аҳмияте ва хатаре ҳам надорад, чун ҷомеаи пешрафта ва демократиро наметавонад хурофотзада ва ифротӣ гардонад. Дар Тоҷикистон сатру риш паёмест аз хурофот, ифротишавӣ ва мазҳабисозии тафаккури ҷомеъа ва дар мағзҳои зери сатру болои риш барои тафаккури илмӣ ва бунёдкорӣ ҷое нест.

Антитаьриф
1 000 000 сол акиб мондаем...

ali
Ховар,
Сад номакул карди ба ин гапат,аслан хурофот чист,?хурофот он чизе ки бовари дори ки санаи 13 бад аст,дар шаб пул додан хуб нест,дар болои остона саоом кардан хуб нест,акнун фикр кун ки хамин хурофотхо дар чахони гарб чой дорад аммо дар чахони ислом ягон ахмияте надорад,чун мусалмонон факат ба Аллох тавакал мекунанд ва хама чиз аз тарафи Худои якто медонанд,барои хамин ин афсонахоят вазн надорад,барои он дар Амрико ичозат хаст ки дар ончо демократия хукмфармо дар мо бошад "демократия"

Darvesh
ali,
Khudut fahmidi chi gufti??????

Sogdian
Хануз гуфтан ба фикрам он кадар мантики нест, зеро махалбозиву кавмбози ва авлодбози дар ягон давру замон дар таърихи точикон ба ин хадд реша надавонида буд, харчанд ки чой дошт на ба ин хадди ифроти буд. Бузургтарин мушкилии миллати точик дар 25 соли ахир махз хамин махалбозиест, ки бо ин модел дар ягон давра вучуд надошт.

Virkan
Макотиби оли ба макотиби оли аслан дигар монанд нест ва банда махз барои хамин бас кардам, ки муаллим бошам (аз муаллимони арзанда, ки ангуштшуморанд узр мепурсам), барои ман дигар муаллим будан нанговар аст. Мактаб не каравулхона шудааст, чи тавр рох гаштана ва хатто аз кадом кисмати рох гузаштанатро махз хамин каравулон идора мекунанд ва шарм накарда дар пушокихои худ амният менависанд, кучои шумо амният, ин истилохро аслан хакки истифода надоред, шумо зиёди зиёд мухофизед ва аслан каравул ба таъбири худи шумо ва табори шумо. Сахаргохон аз назди донишгоххо гузаред, аз барои худо каравулхона аст, ин кадар сатхи тафаккури мо поин рафтааст. Ман шахсан аз дустони наздикам илтимос кардам, ки маро дигар муаллим нагуянд, боз маъзарат мехохам, аммо имруз хамин гуна вазъ шудааст, ки як каравули дар аз профессору доктору дотсент болотар аст. Хатто сумкахоро кофта мебинанд, фаросат хаст, ё не, он моликияти хусусии инсон ва шахрванд аст, моли аслии уст, шумо чи хак доред, ки даруни онро бикобед. Ха, метарсед, ки мабодо дар дарунаш чизе бошад, мархамат дар дунёи муосир мафхуми металлоискатель хаст, аз он истифода баред. Чаноби вазири маориф ва хукуматдорон, магар хамин навиштахоро боре намехонед, хар руз ва хар лахза хукуки хам донишчу ва хам омузгор поймол мешавад, аммо кани нафаре ки аз макому вазифаи худ истифода кунаду овоз барорад ва бигуяд "пушт машкоб, бохабар мардум". Дарди дилро дар хамин шабакахо берун мекунем, вагарна кайхо ё худ фавтида будем ва бар мавт расонида буданд. Вой, сад вой.

Ховар
Алӣ
Шумоён, ки ҳамеша аз осмони ҳафтум гап мезанед ва аз худ мусулмони пок метарошед одоби сухан гуфтан ва сӯҳбат карданро ёд гиред. Ва аммо баъд. Хурофот ин куркурона чизеро таблиғ ва парастиш кардан низ ҳаст.
Инсон бо хирадаш ва кирдору рафтори некаш ва бунёдкоронааш бузург аст, на бо ришу сатр. Шумо мегӯед, ки мусулӣмонон ҳама чизро аз худои якто медонанд, яъне агар як нафар дузди кунад, зино кунад ва одам кушад он бо розигӣ ва ҳидояти худо аст. Албатта не. Худо ба инсон хираду ҳуш додааст, то худро идора кунад ва ба корҳои зишт даст назанад. Ришпарасти ва сатрпарасти низ хурофот аст.

ali
Ховар,
Боз мегуям сад номакул карди,он амалхои зиште ки номбар карди Аллохи бузург харом кардааст аммо инсон ихтиер дорад ба ичро кардан ва е накардани он,ва агар содир кард чазоро накард савобро аз Худо сохиб мешавад,аммо масалаи ришу сатр хеч рабте ба хурофот надорад,риш суннати пайомбар сатр амри Худо аст рав каме хам бошад аз илом огох шав,.

Ховар
Алӣ
Оё беадабона сӯҳбат кардан ва ҳамсӯҳбатро таҳқир карданро худо ба Шумо фармудааст? Дар ин асри 21, ки миллатҳои пешрафта дар бораи нанатехнология ва коиноту генетика гап мезананд суннатҳои асри 7 биёбонҳои Арабистони Саудӣ ба ки лозиманд. Шутурсаворӣ ва салабандӣ ҳам суннати пайғамбар аст, чаро пайравӣ намекунед ва дар мошинҳои дакаданги кофирон ихтироъ карда савори мекунед. Шоҳи арабистони Сауди дар сафари Маскав миллиардҳо долларро сарф кард, дар ҳоле ки дар кишварҳои қаҳтизада хазорҳо мусулмонон аз гуруснагӣ мемиранд. Куҷост адолати исломӣ. Дар назди худо ришу сатри шумо ҳеҷ арзиш надорад, танҳо амали нек ва покдоманӣ арзиш дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)