Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:48

Муҷозоти волидон барои издивоҷи фарзандони ноболиғашон

16 октябр 2017, 10:59

Додгоҳи ноҳияи Ёвон волидони ду ҷавонро барои хонадор кардани онҳо дар синни ноболиғӣ муҷозот кардааст.

Дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, Шарипов С.Ф. ва ҳамсараш Абдуллоева Д.Р. писари ноболиғашон Шарипов У. (соли таваллудаш 1999)-ро бо ноболиғи дигар -- Раҳимова Н. (соли таваллудаш 2000), хонадор кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Саъдиева Н., модари духтар низ ба ин издивоҷ мусоидат намудааст. Ба иттилои манбаъ, онҳо фарзанди худро “бе қайди дахлдор дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Ёвон ҳанӯз моҳи октябри соли 2016 никоҳи мусулмонӣ намуда, оиладор кардаанд”.

Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ёвон нисбати волидони писар ва модари духтар ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мухлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 дасради музди меҳнат таъин шудааст. Нисбати ҷавони ноболиғ бошад, ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!