Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:16

Тошканд парвоз ба Душанберо боз арзонтар кард

16 октябр 2017, 15:25

Ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” нархи чиптаи парвоз дар масири Тошканд – Душанбе – Тошкандро боз арзон кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” шуруъ аз 13-уми октябр нархи чиптаҳо дар масири Тошканд – Душанбе – Тошканд 75 евро аз як ҷониб ва аз ҳарду тараф 153 евро, муодили 1584 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, парвоз аз самти Душанбе ба Тошканд 85 евро ва равуо бошад 153 евроро ташкил медиҳад.

Ин дуввумин ҳолати поинбарии нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошканд тайи 15 рӯзи аввали моҳи октябр мебошад. Ҷониби Узбакистон аввали моҳи ҷорӣ нархи парвозҳоро дар ин масир то 200 сомонӣ бурда, аз 1234 ба 1034 сомонӣ фуровард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холо хам киммат. 300 сомон аз як тараф 580 аз ду тараф
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан ахсан! Вазири нав бисер навгари кадестай ку.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!