Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:13

Президент дар бораи қарзҳои "Умед 88" ва барнагардондани пули мардум (ВИДЕО)

16 октябр 2017, 19:28

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи электронии гарави амволи ғайриманқул ва низоми электронии бақайдгирии қарзҳо ташкил гардад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони Тоҷикистон таъкид намуд, феҳристи мазкур бо дар назардошти муттаҳид гардонидани он аз рӯи ҷуғрофӣ ва навъи дороӣ таъсис дода шавад. Ӯ дар шарҳи зарурати чунин феҳраст таҷрибаи “Умед 88” ва бемасъулиятии кормандони Вазорати молияро зикр кард, ки бидуни санҷиш даҳҳо миллион пули буҷаи давлатро ба ин ширкати қарздор додаанд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарияти ширкати “Умед 88” 170 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлатро, ки пули халқ мебошад, бо ҳар роҳу восита ба ивази 18 фоизӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст: “Соли сеюм-чорум аст бар намегардонад. На фоиз, на маблағи буҷаи давлат. Буҷаи давлат буҷаи халқ аст. Андозсупоранда ин халқ аст мардуми Тоҷикистон аст”.

Раисиҷумҳур дар мавриди маблағҳои гирифтаи “Умед 88” афзуд, "60 миллионашро ба “Тоҷиксодиротбонк”, ки қарздор будааст ва 25 миллиони дигарро ба “Амонатбонк”, ки аз он ҳам қарздор будааст, мегузаронад, боқимондаро обу лой мекунад”.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз маблағҳои пинҳонкардаи баъзе аз субъектҳои хоҷагидор бо изҳори нигаронӣ гуфт, ҳоло ҳам як қисми андозсупорандагон дидаву дониста, ба вайрон кардани қонунгузории андоз роҳ медиҳанд: “Масалан, аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст”.

Дар идома раисиҷумҳури кишвар таъкид кард, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад.



Мулоқоти Э.Раҳмон бо соҳибкорон:




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сафар

  • 17 октябр 2017 08:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин корхо чунон ривоч дорад, ки ягон орган пеши рохашро гумон аст, ки гирад
Посух додан
  • бекор

  • 17 октябр 2017 12:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пули мардма хама медузда, бо хамаш факат пора мегиранд. Мардум боша бекору бепул намедона чи кор кна. Бовар кунед,мардум бисер кашшок шудай. Зиндаги ба чои бехтар шудан якбора бад шудестай.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷаноби олӣ, мебахшену и соҳибкоро агар ҳамаи андоза супоран, 30-40%-ашон муфлис мешаван. Масалан наценкаи мо7-8% аст, агар мо 6% андоз супорем, дигар хароҷотҳора маҳкам карда наметонем.
Посух додан
  • Талабхон

  • 18 октябр 2017 19:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАблагхои гирифтаи "Умед-88" пули халк будааст. Мааблагхои пасандози мардум, ки бонкхо барнамегардонанд, пули кист? Хуб мешуд аввал инро ёдовар мешудед, баъд.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!