Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:39

Ирсоли парвандаи Ҳабибулло Салимов ба суд

18 октябр 2017, 15:36

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳабибулло Салимовро, ки замони фаъолияташ ба ҳайси декани факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ боздошт гардид, ба додгоҳ ирсол намуд.

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, 29 август ба ин ниҳод шаҳрванд «А» муроҷиат карда, арз доштааст, ки Ҳабибулло Салимов аз ӯ барои дохил намудани шиносаш шаҳрванд «Б» ба гуруҳи буҷавии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ 5 000 сомонӣ талаб намуда истодааст.

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Салимов дар дохили автомашинаи тамғаи Инфинити-130, баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 5000 сомонӣ дастгир карда шуд: “ Маблағ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”.

Оҷонсӣ таъкид намуд, ки вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Салимов Ҳабибулло бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!