Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:39

Чаро таъхир дар парвозҳо афзоиш ёфтааст? Шарҳи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

19 октябр 2017, 10:14

“Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” сабаби асосии афзоиши ҳодисаҳои ба таъхир гузоштани парвозҳоро ба “дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз” рабт дод.

Ҷамила Ҳусейнова, масъули маркази матбуоти фурудгоҳ имрӯз, 19 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар 9 моҳи соли равон 960 ҳолати таъхири парвозҳо сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 213 парвоз ё 28,5 дарсад бештар аст.

Ба иттилои ӯ, дар бештари ҳолатҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз сабаби таъхири парвоз мешавад. Ӯ гуфт, далели 644 ҳолати таъхир ҳам ҳамин буд: “182 ҳолати дигар дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра), 55 ҳолат номусоидии обу ҳаво ва дигар сабабҳо буданд”.

Дар ҳамин ҳол, хонум Ҳусейнова афзуд, “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 пурра омода мебошад: “Тибқи нақшаи чорабиниҳои фурӯдгоҳи Душанбе хадамоту шуъбаҳои фурӯдгоҳ нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро барои омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода сохтаанд ва раванди татбиқи онҳо давом дорад”.

Ӯ дар идома гуфт, “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 955,2 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1% зиёдтар мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
960 таъхир дар 9 мох, ин яъне 107 таъхир дар як мох ва 32 таъхир дар як руз. Бехтарин хисобот))))
Ин маънои онро дорад, ки ягон рейс бе таъхир парвоз намекунад.
Посух додан
  • ali

  • 19 октябр 2017 11:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сохиб,
Лекин мактабро дар коридор хонда буди,агар ба хисоби ту 107 таьхир дар як мох 32 таьхир дар як руз бошад,эээ кандта зан
Посух додан
  • беном

  • 20 октябр 2017 08:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вазъи фурудгоххо хам табох шуд. Ягон система бепроблема хаст. Корро дуруст ба рох монед намешавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!