Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:40

“Разбор”-у теғкашии маргбори табибони оянда дар Душанбе

19 октябр 2017, 11:04

Баҳси ду донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо “разбор”-и гуруҳии маргбор дар соҳили дарёи Душанбе анҷомидааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳодиса 11-уми октябр дар кӯчаи Соҳилӣ рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳодиса аз мунозираи кӯчак миёни Дилшод Қурбоналиев ва Қурбон Каримов, донишҷӯёни соли сеюми Донишгоҳи тиббӣ оғоз гардидааст: “Сипаси макони “разбор” назди дарёи Душанбе интихоб гардида, аз ҷониби Қурбоналиев Дилшод шариконаш Музаффар Холиқов, Самандар Ҷонмаҳмадов, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва аз ҷониби Қурбон Каримов наздиконаш Фаррух Каримов ва Парвиз Сайфуллоев ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Зимни латукӯб Самандар Ҷонмаҳмадов бо корд ба Фаррух Каримов зарба зада, ба қатл расондааст”.

Маъмурини милиса мегӯянд, дар пайи ҳодиса Ҷонмаҳмадов фавран чипта харида, қасди парвоз ба Маскавро кард, аммо аз ҷониби кормандони ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ боздошт гардид: “Иштирокчиёни ҳодиса боздошт гардида, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • беном

  • 20 октябр 2017 08:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вахшихо.Агар табибони оянда чунин хол дошта бошанд,аз маняку одамкуш чиро интизор шудан мумкин аст.Илтимос, кормандони ВКД ЧТ рохи чунин чиноятхои гушношунидро бигиред.Дар таълимгоххо намояндагони ин сохтор бояд навбатдори кунанд. Дар мактабхо ва дигар муассисахои таълими як намуд разбору афту дарафт мешавад, ки дар хайрат мемонед. Эй чавонон ба унвони Соли чавонон иснод наоред!!!!!
Посух додан
  • чавон

  • 20 октябр 2017 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И як дахшатаст. ки миени чавонони точик занонзани мешавад. Солхои охи мутаасифона миени чавонон занонзании гурухи зиёд шудааистодааст.
Ман ба чавонону наврасон ду чизро мегуям
1. Солхои охир муд шудааст. ки вакте ягон чавон е наврасе бо ягон кас мунокиша менамояд дархол дигар чурахояшро ба мукобили у фаред менамояд. Агар ягон чурааш аз ин даьват саркаши кунаду наояд ба кавли онхо у дар байни калективашон " тарсончак" номида мешавад. Махз ба хамин хотир бисер чавонон ин даьватхои рафиконашонро мачбуран кабул менамоянд. ки дар бисер холатхо махз "даъватшудахо" зарари чисмони мебинанд. Ман аз хамаи чавонону наврасон хохиш менамоям. ки ба чунин даьватхои авбошона дода нашаванд.
2. О дарвакти мунокишае. ки байни ду нафар рух медихад марди хакики бояд корду оханпора истифода набарад танхо куваи худро истифода барад онгох мунокиша бо осоиштаги ба поен мерасад
Аз ин чизхо истифода бурдан нишонаи тарсончакиай

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!