Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:43

Мансабдори туркманро дар "даъват ба ошӯби зидди ҳукумат" айбдор мекунанд

19 октябр 2017, 14:29

Як мансабдори бахши маорифи Туркманистон баъди ширкат дар роҳпаймоии эътирозии шаҳрвандон дар робита ба болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон, 10 октябр боздошт шуд.

Расонаҳо хабар доданд, ки даҳҳо зани норозӣ аз болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон 10 октябр назди идораи маорифи вилояти Дашоғӯзи Туркманистон эътироз кардаанд. Намояндаи идораи маориф занҳоро пешвоз гирифта, маслиҳат дод, ки ба "идораи ҳокимият рафта, арзашонро онҷо расонанд". Занони норозӣ баъди ин назди идораи ҳукумати шаҳри Дашоғӯз рафтанд.

Мансабдори бахши маориф ва хонаводааш пас аз он эътироз ба даъвати ошӯб зидди ҳукумат айбдор шуданд. Ба ҷуз ин, ҳамсари вай, ки дар яке аз боғчаҳо фаъолият мекард ва фарзандаш низ, ки хоҷагидори яке аз мактабҳои маҳаллӣ буд, аз мақом барканор шудаанд.

Баъд аз анҷоми эътироз, шаби 10 октябр пулис ба манзили мансабдор омада ӯро боздошт кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!