Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 02:24

Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор мешавад

19 октябр 2017, 17:21

Ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” имсол аз 25 то 27 октябри соли ҷорӣ дар пойтахт доир мегардад.

Тибқи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоишгоҳ дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ҳамчунин аз Русия, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Фаронса, Украина, Белорус, Корея, Озорбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Чин, ИМА ва Бритониё ширкат хоҳанд кард.

Манбаъ афзуд, дар Намоишгоҳ ширкатҳои табъу нашр ва тоҷирону фурўшандагони ватаниву хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд. Дар доираи чорабинӣ инчунин маҳфилҳои шеъру суруд, озмуни “Шоҳномахонӣ”, мизи мудаввар, муаррифии китобҳои тозанашр, озмунҳои “Ношири муваффақ”, “Таблиғгари беҳтарини китоб” ва “Муаллифи сермаҳсули сол” гузаронида хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!